Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 10 узви як оила дар натиҷаи омадани сел дар Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи омадани сел дар вилояти Бадахшони Афғонистон даҳ узви як хонавода ҷон бохтаанд.

Намояндагони "Толибон" рӯзи 26-уми май ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то кунун ҷасади чаҳор нафарро ёфтанд. Ҷустуҷӯйи боқимондаҳо идома дорад.

Муҳаммадакрам Акбарӣ, раиси Идораи мубориза бо офатҳои табиӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон гуфт, борони шадид ва омадани сел ба чанд минтақа зарар расонд. Аз ҷумла, дар Бағлон, тақрибан 300-километрии шимоли Кобул, сел чиҳил хонаро вайрон кардааст.

Дар пайи борони зиёд дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон низ сел омада, роҳу пул ва киштзори сокинонро хароб кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки то 29-уми май эҳтимоли боридани борони сахт ва омадани сел вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG