На сабад, на сабадбардор ва на фурӯшандаву навбати харидор. Ширкати "Амазон" рӯзи 22-юми январ аввалин намунаи чунин фурӯшгоҳро расман ифтитоҳ кард.
Танҳо мушкили система ин аст, ки касе наметавонад ба дигаре кумак кунад. Чун ҳар колое, ки бардошта мешавад, ба номи худи он шахс ҳисоб карда мешавад.
Дар ин фурӯшгоҳ харидорон аз интихоб то пардохти пули молу колоро худашон анҷом медиҳанд. Кормандони ширкати "Амазон" аз як сол ба ин тараф аз ин фурӯшгоҳ, ки дар табақаи бинои ширкат дар шаҳри Сиэтли Амрико қарор дорад, ба таври озмоишӣ истифода мекарданд.
Ифтитоҳи ин фурӯшгоҳ нишонаи дигаре аз нақшаҳои "Амазон" барои густариши ҳузури физикии ширкат аст. "Амазон" то ба ҳол чанд китобфурӯшӣ таъсис карда, дар фурӯшгоҳҳое калони дигар шӯъбаҳои худро ташкил намуд ва соли гузашта низ ширкати бузурги "Whole Foods"-ро харидорӣ кард, ки беш аз 470 филиал дорад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Харидор пеш аз вуруд ба фурӯшгоҳ бояд замимаи "Amazan Go"-ро дар телефони мобилии худ насб кунад ва вақте колоеро аз рафҳо мебардоранд, ба феҳристи хариди маҷозии харидор афзуда мешавад. Агар ба рафҳо баргардонда шавад, худ ба худ аз феҳристи харид ҳазф мешавад ва қимати колои харидшуда ҳангоми тарки мағоза аз тариқи замима, аз корти эътибории харидор бардошта мешавад.
Ширкати "Амазон" мегӯяд, бо истифода аз системаи компютерӣ, таҷҳизоте, ки ба суръат метавонад ҳисоб кунад, ташхис медиҳад, ҳар харидор чӣ колоеро аз рафҳо бармедорад. Ба қавли масъулони ширкат, хонаводаҳо фақат бо як телефон ва замимаи махсус ҳангоми вуруд ба мағоза метавонанд дастҷамъӣ харид кунанд. Ҳар колое, ки аъзои хонавода аз рафҳо бардоранд, худ ба худ ба феҳристи хариди касе, ки бо телефонаш вориди мағоза шуда, изофа хоҳад шуд.
Танҳо мушкили ин система ин аст, ки касе наметавонад ба дигарон кумак кунад. Чун ҳар колое, ки бардошта мешавад, ба номи худи он шахс ҳисоб карда мешавад. Ин фурӯшгоҳ, ки ҳудудаш 600 метри мураббаъ аст, ҳамзамон ғизои субҳона, чошт ва шомро пешниҳод мекунад.
Ширкати "Амазон" дар моҳи декабри 2016 эълон карда буд, ки аввалин мағозаи бидуни фурӯшандаро дар аввали соли 2017 ифтитоҳ хоҳад кард. Аммо оғози кори ин фурӯшгоҳ бинобар озмоишҳои бештари таҷҳизот ва истифодаи кормандони ширкати "Амазон", ҳудуди як сол ба таъхир афтод.