Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду номзади пештоз аз эъломи натоиҷи ибтидоӣ розӣ нестанд (ВИДЕО)


Абдуллоҳ Абдуллоҳ (аз чап) ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай (аз рост)

Пас аз эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ду номзади пештоз дар ин сабқат, интиқдотеро дар ин замина матраҳ карданд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай рӯзи якшанбе-- як рӯз баъд аз эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон аз раванди шумориши оро ва расидагӣ ба шикояҳо интиқод карданд.

Ба асоси эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 26-уми апрел эълон кард шуд доктор Абдулллоҳ Абдуллоҳ бо касби 44,9 дарсади орои интихобкунандагон, дар садри ҷадвал қарор дорад.

Дар мақоми дувум Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо дарёфти 31,5 дарсад қарор гирифтааст. Зулмай Расул 11,5 дарсад, Абдураб Расули Сайёф 7,1 дарсад, Қутбиддин Ҳилол, 2,7 дарсад,Муҳаммадшафиқ Гулоғо Шерзай 1,4 дарсад, Довуд Султонзай, 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсало 0,2 дарсад орои мардумро дарёфт кардаанд.

Муҳаммадюсуф Нуристон, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон зимни эълони натоиҷи ибтидоии интихобот гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд интихобот ба даври дувум кашида хоҳад шуд. Номзаде, ки беш аз панҷоҳ дарсади ороро ба даст оварад, бар асоси қонун баранда шинохта мешавад. Ҳоло ҳеҷ яке аз номзадҳо то кунун орои матлубро ба даст наовардаанд ва ин эҳтимол матраҳ аст, ки даври дувуми интихобот ҷойнишини Ҳомид Карзайро муайян хоҳад кард.
Ду номзади пештоз аз натиҷаҳои ибтидоӣ розӣ нестанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Дар ҳамин ҳол Комиссияи шикоятҳои интихоботии Афғонистон мегӯяд, ҳеҷ номзади раиси ҷумҳур то шоми 27-уми апрел дар мавриди натоиҷи ибтидоии интихобот расман ба ин комиссия шикоят накардааст. Масъулони комиссияи шикоятҳои интихоботи Афғонистон гуфтаанд, ки номзадҳо ҳоло фурсати бештар барои сабти шикоятҳои худ доранд. Зеро ба гуфтаи онҳо замони дарёфтии шикоят то соати 7-и имшаб ба вақти Кобул тамдид шудааст.

Ридо Азимӣ, муовини комиссияи шикоятҳои интихоботии ин кишвар ба бахши дарии радиои Озодӣ рӯзи 28-уми апрел гуфт, ки тақозоҳои чанде аз номзадҳо будаанд, «аммо на расмӣ, балки аз тариқи матбуот.»

«Номзадҳо мегуфтанд, ки шояд натавонад дар ин фурсати кам шикояти худро сабт кунанд, аммо комиссияи шикоятҳои интихобот инро ба назар гирифта вақти сабти шикоятҳоро тамдид кард то номзадҳо тавонанд бо арқому санадҳи мушаххас шикояти худро сабт кунанд. Масъулони комиссия ҳам аз пайи баррасии онҳо шавад.»

Ин дар ҳолест, ки номзадҳои раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар интихобот танҳо фурсат доштанд то соати 7-и шаби гузашта, яъне пас аз эъломи натиҷаҳои ибтидоӣ, номзадҳо метавонанд то 24 соат, шикоятҳои худро дар ин робита ба ин ниҳод матраҳ кунанд, аммо ҳеҷ яке аз номзадҳо расман шикоят накардаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG