Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷшер писархонди худро президент дидан мехоҳад


Агар Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии Афғонистон пирӯзз шавад, шояд беш аз ҳама мардуми Панҷшер аз ин хабар хушнуд хоҳанд гашт. Чаро?

Бисёриҳо доктор Абдуллоҳро ҳамчун собиқ вазири нармгуфтор ва хушлибоси корҳои хориҷии Афғонистон мешиносанд. Аммо аксарияти мардуми водии Панҷшери Афғонистон ӯро хеши худ медонанд.

Агар Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон пирӯз шавад, ҳеҷ кас аз ин хабар ба андозаи мардуми Панҷшер сарафароз нахоҳад шуд. Доктор Абдуллоҳ дар вилояти хушманзари Панҷшер, ки дар байни қуллаҳои сарбафалаки Ҳиндукуш макон дорад, ба дунё наомадаст. Аммо бошандагони ин водӣ, ӯро фарзанд хондаанд.

Як назар ба кӯчаву паскӯча ва ва раставу дӯконҳои водӣ кофист, то дарк кунед, ки мардуми Панҷшер ба ин мард чӣ қадар муҳаббат дорад. Аксҳои хурду калони ӯ дар ҳама ҷо ба чашм мехӯранд ва таблои бузург, ки Абдуллоҳ дар он бо риши муназзам, пироҳани машҳури миллӣ, амома ва гарданбанди пашмин аккосӣ шудааст, андозаи муҳаббати мардумро ба ӯ ба баландии қуллаҳо баробар мекунад.

Ҷаҳон эҳтимолан Доктор Абдуллоҳро дар робита ба интихоботи даъвоии соли 2009 дар ёд дорад, ки дар он вазири собиқ баъд аз Ҳомид Карзай ҷойи дуввумро гирифт, вале тақаллубу хилофкорӣ он интихоботро ба боди танқид кашид. Аммо дар Панҷшер ҳама Абдуллоҳро бо ифтихор “доктор” ном мебаранд ва ӯро “бачаи худӣ” медонанд. Ӯ ҳафтае як дафъа аз Кобул ба Панҷшер меравад, бисёр вақт ҳамроҳи дигарон намоз мегузорад ва мардуми маҳаллӣ ӯро дар хонаашон меҳмондорӣ мекунанд.

Дастагир Шафеӣ, аз ҷангиёни собиқи муҷоҳидин аст, ки ҳамроҳ бо доктор Абдуллоҳ нахуст бар зидди артиши Шӯравӣ ва баъдан алайҳи Толибон ҷангидааст. Ӯ мегӯяд, аксаран Абдуллоҳ Абдуллоҳро хешу табор медонанд. “Доктор Абдуллоҳ бародарзодаи мост, ӯ навваи мост, ӯ аз ниёзҳои мардум огаҳ аст ва дарди мардуми Панҷшерро хуб медонад.”

Фаротар аз қавмият

Абдуллоҳ Абдуллоҳи 53-сола аз пешсафони интихоботи раёсати ҷуҳмури Афғонистон аст, ки 5-уми апрел баргузор гардид. Натоиҷи пешакии интихобот рӯзи 26-уми апрел эълон мешавад. Аммо аз шумориши бахш ба бахш, ки то ҳол дастраси мардум гардид, бармеояд, ки Абдуллоҳ бо доштани беш аз 43 дар сади райъ даҳ қадам аз рақиби аслии худ Ашраф Ғанӣ фаротар аст. Ӯ дар Панҷшер 90 дар сади райъҳоро ба даст овард. Натоиҷи расмии интихобот 14-уми май маълум ва дар сурати зарурат даври дуввуми интихобот охирҳои моҳи май баргузор мешавад.

Аз рӯи ихтисос Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷарроҳ аст ва бахши умдаи зиндагии худро дар Панҷшер, сангари Эътилофи Шимол сипарӣ кардааст. Ӯ дар солҳои 1980 муҷоҳидҳоро табобат мекард ва солҳои 1990- ум якҷо бо фармондеҳи машҳур ва Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бар зидди Толибон ҷангид.

Падари доктор Абдуллоҳ аз паштунҳои Қандаҳор, макони зуҳури Толибон ва модараш аз тоҷикҳои Панҷшер аст. Худи ӯ дар Кобул ба дунё омадааст.

Аммо Файсал, як қолибофи 35-солаи панҷшерӣ мегӯяд, Абдуллоҳ он қадар сарсупурдаи Панҷшер аст, ки каси дигар наметавонад ,ҷойи ӯро бигирад. “Доктор Абдулло дар ҷиҳод ҷангид, ӯ аз шарикони Масъуд буд, ӯ марди хубест ва мо ҳамаги ошиқи сарсупудагии ӯ ба Паншер ҳастем. Зиё Масъуд ҳам марди хуб аст, аммо ӯ доктор Абдулло нест”

Зиё Масъуд, ки як муддат дар паҳлӯи бародари қаҳрамонаш -- Аҳмадшоҳ Масъуд,ҷангида буд, солҳо хориҷ аз кишвар буд. Ӯ ҳоло ноиби номзад ба раёсати ҷуҳмур Залмай Расул аст. Аммо Файзал мегӯяд, дар муқоиса бо сиёсатмадорони дигар Абдуллоҳ ҳамон нафарест, ки панҷшериҳо метавонанд худро ба ӯ марбут бидонанд. Бар пояи маълумоти омада аз Кумиссиюни Интихоботии Афғонистон Залмай Расул дар Панҷшер танҳо 10 дарсади раъйҳоро дарёфт кардааст.

Аз номи мардум

Файсал мегӯяд, доктор Абдуллоҳ ҳар рӯзи панҷшанбе ба Панҷшер меояд ва соатҳоро дар сӯбат бо мардуми маҳаллӣ сипарӣ мекунад.

Абдул Раҳим, амаки доктор Абдулллоҳ, дар маҳалли иқомати Абдулллоҳ, манзили дуқабатае дар ҳошияи рӯди Панҷшер зиндагӣ мекунад, ки бо ранги сафеду сабз оро ёфтааст. Ӯ мегӯяд додарзодааш аз он хотир назди мардуми маъмулӣ маҳбубият дорад, ки дарди онҳоро дарк мекунад. “Абдулло аз номи мардум сӯҳбат мекунад”-мегӯяд ин марди 75-сола, –“ӯ аз номи кишоварзону коргарон сӯҳбат мекунад, ӯ марди содиқест, ки ҳеҷ гоҳ аз мақом суистифода намекунад. Ин аст ки мардум ӯро дӯст медоранд. Зану мард, пиру ҷавон ӯро азиз медонанд.”

Доктор Абдуллоҳ, ки дастикам 6 сол аз раҳбарони мухолифон будааст мегӯяд, ду рақиби наздиктарини ӯ, вазири собиқи молиёт Ашраф Ғанӣ ва собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон Залмай Расул, ду технократи таҳсилкадаи Ғарб, дар оғози ҷанги Афғонистон ба Ғарб кӯч бастанд, дар ҳоле, ки ӯ дар ватан монд ва аз хоки Афғонистон дифоъ кард.

Панҷшер харошу захмҳои ҷанги сездаҳсола дар Афғонистонро ҳанӯз дар худ дорад. Садҳо танки харобшудаи Шӯравӣ ва тӯдаи силоҳҳое, ки толибон ҳангоми фирор бо худ набураданд, ҳамчун муҷассамаҳоии ваҳшатноки ҷанг дар саросари водӣ хирман задаанд.

Доктор Абдулло дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Афғонистон ва сипас дар муқовимат бо Толибон “дасти рост”-и Масъуд буд. То моҳи сентябри соли 2001, то замони ҳуҷуми террористӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба дунболи он Масъуд низ дар як ҳуҷум кушта шуд. Мақбараи Аҳмадшоҳ Масъуд, ки аз ӯ “Шери Панҷшер” ном мебаранд, дар баландиест, ки аз он тамоми водӣ чун кафи даст намоён аст.

Абдул Раҳим, мегӯяд, доктор Абдуллоҳ ва Масъуд бо ҳам чун бародар буданд, “Абдуллоҳ дӯсти Масъуд буд, шогирди Масъуд буд. Ҳеҷ кас ба андозаи ӯ бо Аҳмадшоҳ Масъуд равобити наздик надошт.”

Ҳамид, як аскари мустақар дар Панҷшер мегӯяд, мардум дар ин водӣ бовар доранд, ки доктор Абдуллоҳ ягона касест, ки метавонад орзуҳои Аҳмадшоҳ Масъудро амалӣ кунад. “Масъуд иштибоҳи зиёд кард. Аммо меҳанпарасте буд, ки орзу дошт Афғонистонро якдилу яктан ва нирӯманд бубинад. Бо кумаки парвардигор, доктор Абдуллоҳ орзуҳоеро амалӣ хоҳад кард, ки дигарон дар иҷрои онҳо ноком буданд,”- мегӯяд Ҳамид, як сарбози Афғонистон.
Манзили Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Панҷшер
Манзили Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Панҷшер
Водии Панҷшер аз посгоҳи собиқи нерӯҳои шӯравӣ
Водии Панҷшер аз посгоҳи собиқи нерӯҳои шӯравӣ
Дастагир Шофеӣ, муҷоҳиди пешини панҷшерӣ
Дастагир Шофеӣ, муҷоҳиди пешини панҷшерӣ
Лошаи тонки нерӯҳои шӯравӣ
Лошаи тонки нерӯҳои шӯравӣ
Дараи Панҷшер
Дараи Панҷшер
XS
SM
MD
LG