Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистон ба даври дуввум рафт


Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон
Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон
Дар Афғонистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълон шуд. Бар асоси натиҷаҳое, ки Кумиссиюни мустақили интихоботии ин кишвар эълон кард, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо тақрибан 44,9 дарсад дар зинаи аввал, Аҳмад Ғанӣ Ашрафзай бо 31,5 дарсад дар зинаи дуввум қарор доранд.

Бино ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ ин ду нафар дар даври дуввуми интихобот байни худ барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза хоҳанд кард.

Залмай Расул-вазири пешини корҳои хориҷа бо 11,5 дарсад дар мақоми севвум қарор дорад.

Доктор Абдулло 53 сол дорад ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 64 сола аст. Дар миёнаи моҳи май натиҷаҳои ниҳоии интихобот эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG