Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи ибтидоӣ ҷойнишини Карзайро муайян накард


Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ёрони фармондеҳи машҳури муҷоҳиддин Аҳмадшоҳи Масъуд, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон пештоз аст.

Эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури дар Афғонистон нишон дод, ки ҳеҷ яке аз номзадҳои пештоз натавонистанд орои беш аз панҷоҳ дарсади интихобкунандагонро ба даст биоранд.

Ба асоси эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи шанбеи 26-уми апрел натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури он кишварро эълон кард. Доктор Абдулллоҳ Абдуллоҳ бо касби 44,9 дарсади орои интихобкунандагон, дар садри ҷадвал қарор дорад.

Дар мақоми дувум Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо дарёфти 31,5 дарсад қарор гирифтааст. Зулмай Расул 11,5 дарсад, Абдураб Расули Сайёф 7,1 дарсад, Қутбиддин Ҳилол, 2,7 дарсад, Муҳаммадшафиқ Гулоғо Шерзай 1,4 дарсад, Довуд Султонзай, 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амин Арсало 0,2 дарсад орои мардумро дарёфт кардаанд.

Муҳаммадюсуф Нуристон, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон зимни эълони натоиҷи ибтидоии интихобот гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд интихобот ба даври дувум кашида хоҳад шуд. Номзаде, ки беш аз панҷоҳ дарсади ороро ба даст оварад, бар асоси қонун баранда шинохта мешавад. Ҳоло ҳеҷ яке аз номзадҳо то кунун орои матлубро ба даст наовардаанд ва ин эҳтимол матраҳ аст, ки даври дувуми интихобот ҷойнишини Ҳомид Карзайро муайян хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи шикоёти интихоботӣ гуфтааст, ки пас аз эъломи натиҷаҳои ибтидоӣ, номзадҳо метавонанд то 24 соат, шикоятҳои худро дар ин робита ба ин ниҳод матраҳ кунанд. Нодир Муҳсинӣ, сухангӯи ин ниҳод рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, пас аз поёни 24 соат, кори расидагӣ ба шикоятҳо оғоз хоҳад шуд.

Қарор буд натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 24-уми апрел эълон шавад. Аммо Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишварро ба имрӯз, 26-уми апрел, ба таъхир андохт. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 22--юми апрел дар мавриди таъхири эълони натиҷаҳо дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, "бар асоси тасмими Комиссияи мустақили интихобот, натиҷаҳои ибтидоии оро рӯзи шанбеи 26-уми апрел расман эълон мешавад."

Ҷаноби Нур гуфта буд, сабаби таъхири натиҷаҳои ибтидоии оро ин аст, ки Комиссияи мустақили интихобот мехоҳад, рӯзи 24-уми апрел бахши дигар аз натиҷаҳоро эълон кунад. То кунун се бор натиҷаҳои қисмии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълом шуда буд, ки бори аввал натиҷаи даҳ дарсади оро аз 26 вилоят эълон шуд ва бори дувум якшанбеи гузашта наздик ба 50 дарсад оро ва рӯзи 24-уми апрел 82 дарсади оро эълон гардид.

Натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 14-уми май эълон хоҳад шуд. Дар сурати ба даври дувум кашидани интихобот, он рӯзи 28-уми май доир хоҳад шуд ва дар он ду номзади пештоз -- Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ширкат хоҳанд кард.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG