Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 сол зиндон барои "гусел"-и ҷавонон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ


Бахтиёр Солиев, сокини шаҳри Исфара.
Бахтиёр Солиев, сокини шаҳри Исфара.

Додгоҳи Исфара як сокини 24-солаи ин шаҳрро барои ташкили "иттиҳоди ҷиноятии ифротӣ" дар Русия ва “гусели” ҷавонон ба майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия 9 сол равонаи зиндон кард. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки Бахтиёр Солиев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” ва “Ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва даъват ба ифротгароӣ” айбдор шудааст.

Боздошт баъди дуним соли муҳоҷират

Ин ҷавон 15 январи имсол, баъди дуним соли муҳоҷират дар Русия ба Исфара баргашт ва аз тарафи маъмурони пулис боздошт шуд. Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бахтиёр дар Русия як гурӯҳи ҷиноӣ таъсис дода, ҷавононро ба Сурияву Ироқ сафарбар мекард. Ҷинояте, ки бо он Бахтиёр муттаҳам мешавад, аз 8 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “бинобар эътироф ва ҳамкории содиқона бо тафтишот” ҷазои ӯ камтар шудааст.

“Онҳо зиёданд”

Бахтиёри Солиев авоили соли ҷорӣ баъди дуним соли муҳоҷират дар Русия, ба Исфара баргашт ва аз тарафи маъмурони пулис боздошт шуд.

Боздошти Бахтиёр Солиев дар пайи шаҳодати Нусратулло Қодиров, ҳамсинфи ӯ сурат гирифтааст. Ин ҷавон охири соли 2016 ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду кӯдаки хурдсолаш дар роҳ ба Сурия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Додгоҳи Исфара моҳи феврал ӯро барои талоши пайвастан ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва зери таҳдид бурдани ҳамсару кӯдакони ноболиғаш то марзи Сурия 14 сол зиндон кард.

Ин ҷавон дар додгоҳ гуфтааст, маҳз Бахтиёр ӯро барои рафтан ба Сурия ташвиқ ва маблағгузорӣ кардааст. Чӣ теъдоде шомили гурӯҳи таъсисдодаи Бахтиёр будаанд ва чанд нафарро ӯ ба Сурия фиристодааст, ҳамсӯҳбати мо дақиқ шарҳ надод, вале гуфт, “онҳо зиёданд”.

Хоҳари Бахтиёр: Мо даъво надорем

Наздикони Бахтиёр Солиев, ҷавоне, ки барои таъсиси иттиҳоди ҷиноии экстремистӣ дар Русия айбдор шудааст, гуфтанд, дар бораи фаъолиятҳои ӯ иттилои дақиқ надоштанд. Ашӯрхон Солиева, хоҳари Бахтиёр, рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳукми додгоҳ эътироз ҳам надоранд. “Бахтиёр дар як корхонаи рангбарорӣ дар Русия кор мекард. Ба инҷо омад ва даҳ рӯз дар хона истод. Баъдан нерӯҳои пулис омада ва боздошташ карданд. Аз болои ҳукми суд мо даъво намекунем ва умед дорем, ки ҳамааш дар оянда хуб мешавад”, - афзуд ӯ.

“Агар ҷиноят мекард, ба Тоҷикистон мерафт?”

Мурод Абдувалиев, як ҷавони тоҷик, ки иддао дорад, дар Русия ҳамроҳи Бахтиёр буд, дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки ба чунин айбномаи алайҳи ӯ бовар надорад. Абдувалиев гуфт, “вақте ӯро боздошт карданд, мо ҳайрон шудем. Мо шахсан чунин корҳояшро надида будем, вале бо он ҷавоне, ки дар Туркия буд, рафтуомад дошт, чунки ҳамсинфаш буд. Агар ӯ ҷиноят мекард, аз Русия хеста ба Тоҷикистон намерафт.”

Исфара, шаҳре бо аҳолии беш аз 100 ҳазор, дар марзи Қирғизистону Узбакистон қарордошта, мақомот онро аз лиҳози мазҳабӣ осебпазир унвон мекунанд. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, қаблан дар як нишаст гуфта буд, ки аз вилояти Суғд 110 нафар ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки 62 нафари онҳо аз шаҳри Исфара мебошанд.

XS
SM
MD
LG