Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон дар мулоқоти якрӯзааш бо мақомоти баландпояи Туркия – як муттафиқи кишвараш дар паймони НАТО мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ кардааст. Тиллерсон ва президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар мулоқоташон дар Анкара рӯзи 30 март роҳҳои эҳтимолии ҳамкории дуҷониба дар мубориза зидди “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ҷангӣ дар хоки Ироқу Сурияро баррасӣ карданд. Дар ин бора бо такя ба дафтари президенти Туркия хабаргузории Ройтерс иттило дод.
Ин манбаъ гуфтааст, Эрдуғон ба ҳамкорӣ бо “бозигарони қонунӣ” дар муборизаи зидди терроризм тарҷеҳ медиҳад. Тиллерсон инчунин бо нахуствазир Биналӣ Йилдирим дидору гуфтугӯ карда “ҳамкориҳои муҳими амниятӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа”-ро баррасӣ кардааст. Дар ин бора Департаменти давлатии ИМА хабар дод. Тиллерсон ба нақши муҳими Туркия ба унвони як кишвари пешвои минтақавӣ ва ҳам шарики дарозмуддати НАТО таъкид кардааст.
Анкара аз Вашингтон тақозо мекунад, ки барои аз зери контроли ҷангиён озод кардани шаҳри Раққа, ки пойгоҳи ДОИШ маҳсуб мешавад, ҳамкориро вусъат бахшанд. Хости Туркия аз амалиёт берун кардани размандагони курди Сурия мебошад.
Дар ин гуфтугӯҳо ҳамчунин интизор меравад, ки Туркия масъалаи таслими рӯҳонии маъруфи муқими Амрико Фатҳулло Гюленро баррасӣ кунад, ки аз ҷониби Туркия дар ташкили кудатои соли гузашта маҳкум мешавад. Худи Гюлен ин иттиҳомотро рад мекунад.
Саркӯби мухолифону мунаққидон баъди ҳодисаҳои тобистони соли гузашта равобити Анкараву Вашингтонро печидатар кард. Сафари Тиллерсон дар остонаи раъйпурсии тақдими салоҳияти бештар ба президент Эрдуғон баргузор мешавад, ки рӯзи 16 апрел қарор аст барпо шавад.
Як масъули Департаменти давлатӣ ба шарти набурдани номаш дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки Тиллерсон дар бораи ҳассосиятҳои сиёсии вазъ ҳам андеша мекунад.
Вале мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки Тиллерсон дар ин сафараш бо намояндагони мухолифини Туркия мулоқот нахоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, ки ҳукумат мавзӯи ҳабси як раҳбари бонки туркии “Халқбанк”-ро дар Ню-Йорк баррасӣ мекунад.
Маҳмад Ҳоқон Атилло барои кӯмак дар интиқоли ғайриқонунии миллионҳо доллар маблағҳо аз роҳи бонкҳои амрикоӣ ба Эрон муттаҳам мешавад.
Ӯро дар ҳамкорӣ бо соҳибкор Ризо Зарроб гунаҳгор мекунанд, ки шаҳрвандии Туркияву Эронро дорад ва бо нақзи таҳримҳои Амрико зидди Эрон ба шустушӯи пул машғул будааст.
Вазири адлия Бекир Боздаг ба телевизиони Туркия рӯзи 30 март гуфт, ки боздошти Атилло бо ҳадафи беобрӯ кардани Туркия сурат гирифтааст.
Салом. Ин бози ҳам зарар дорад ҳам фоида. Барои халқи одди фоидаи бештар дорар, агар ҳаққатро талаб куни. Барои мардуми хосс зарар дорад. Аммо касоне этиқод доранд, ки тоҷикистон мустақили комил ҳаст, ин ҷуз хоб чизи дигаре нест. Мустақил фақат барои корҳои хурд, ва сатҳи поин мустақил ҳаст. Мо бояд аввал мазмун, ва мафҳуми калимаи (мустақил, истиқлолиятро) донем ва баъд дар бори ин суҳбат кунем.
Салом. Дусти азиз, пеш аз он, ки касеро таҳқир куни якбор таҳқиқ кун фақат як мисол меорам барот, (Қрим, Крим дар соли 2012- 13 ва 2014-15) аз гугл карта ё яндекс карта пайдо кун кани замини ки ҳисоб мешуда бошад, кани он соҳибонат, ки инро пас гардонда ба соҳибе, ки дар харита дошт, баргардонанд. Ин афсонаҳоро вақташ гузашт. Мисоли дигар, ки ҳатто хуни арманиҳо аз замин хушк нашудааст, Қарабоғи куҳи. Фаҳм, дарк, биниши воқеъи ва мадони даркор. Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Барои ду лётчики гераинфуруш чи кардан миллати тоҷикро. Ҳоло хоби бародар. Агар ғайраташро дори як бор ончи дар бори Эрон мегуянд ба русия гуянд.
Боз омузгор гунахкор, кадом омузгори мактаби миëна Сахиба мошин шудаст аз маоши мактаб ë сохиби хона???
Коргарои Озоди, мардак шаведу руирост гуед, ки дар як мох чанд хазор доллар мегиред, чанд хонаю мошин доред. Метавонед???
Рост гуфтед,Фирузчон