Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Узбекистон баъди 6 сол дубора ба Тоҷикистон омад.ВИДЕО


Баъд аз шаш соли таваққуф воридоти гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон азсар гирифта шудааст. Мақомоти ширкати "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, феълан гази табиӣ танҳо барои бароварда сохтани ширкати тавлиди алюминийи "Талко" ворид мешавад.

Азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон дар пайи беҳбуди робитаҳои миёни ин кишвар ва Тоҷикистон баъд аз вафоти Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон дар соли 2016 ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд. Созишномаи миёни ширкатҳои газии ду кишвар 9-уми марти соли ҷорӣ дар ҷарёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо шуда буд.

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб мефурӯхт.

Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз" 9-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбекистонро тасдиқ кард ва гуфт, интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон 5 апрел шуд ва феълан газ танҳо барои ширкати “Талко” ворид карда мешавад.

Ба гуфтаи вай, шароити харидории гази табиӣ аз Узбекистон чунин аст, ки Тоҷикистон ҳар як ҳазор кубометри мукааби онро бар ивази 120 доллари амрикоӣ мегирад ва бо изофаи хароҷоти интиқолаш ба муштариён пешниҳод менамояд.

Вай афзуд, ки гази табиӣ аз Узбекистон феълан танҳо ба қисмати марказии Тоҷикистон интиқол дода мешавад ва дар сурати пайдо шудани муштариҳо дар вилояти Суғд низ ин навъи сӯзишворӣ ба онҳо низ дастрас мешавад.

Аввал пардохт, баъд газ

Манобеи ширкати "Тоҷиктрансгаз" дар сӯҳбати бидуни сабт ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тибқи муқаррароти нав гази табиӣ танҳо ба он муштариёне расонида мешавад, ки арзиши газро пешпардохт мекунанд ва лӯлаҳои коршоям дар ихтиёр дошта бошанд. Ин манобеъ хабар доданд, ки муштарии калонтарини гази табиӣ дар Тоҷикистон корхонаи азотӣ дар ноҳияи Вахш мебошад. Аммо, барои интиқоли гази табиӣ ба ин корхона бояд ҳудуди 60 километр лӯлаҳои газрасон дубора насб карда шаванд.

Ба иттилои масъулони ширкати "Тоҷиктрансгаз" арзиши гази табиӣ барои муштариён дар Тоҷикистон 120 доллар бо изофаи махориҷи интиқоли ин навъи сӯзишворӣ, яъне ҳудуди 15 дарсади қиммати аслии гази воридотӣ аз Узбекистон мешавад. Аммо ба гуфтаи онҳо, дар сурати харидории миқдори бештари гази табиӣ арзиши изофашуда барои интиқоли он коҳиш дода мешавад.

"Талко"- аз муштариёни аслии гази Узбекистон

Манобеи ширкати "Талко" хабар доданд, ки феълан ин корхона дар як соат то 125 ҳазор метри мукааб гази табиӣ аз Узбекистонро харидорӣ мекунад, ки 30 дарсади ниёзи ин корхона барои тавлиди алюминийро бароварда месозад. Миқдори дигари зарурӣ барои тавлиди алюминийро “Талко” ба гунаи қаблӣ тавассути сӯзиши ангиштсанг ба даст меоварад.

Гази Узбекистон баъди 6 сол дубора ба Тоҷикистон омад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:54 0:00

Ёдовар мешавем, ки Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб мефурӯхт.

Раҳбарияти "Тоҷиктрансгаз" қаблан гуфта буданд, ки феълан интиқоли гази табиӣ ба манзили сокинон матраҳ нест, зеро аз соли 2012 ба ин сӯ, баъди қатъи воридоти гази табиӣ аз Узбекистон бештаре аз сокинон Тоҷикистон лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ ба хонаҳояшонро тахриб кардаанд ва хатари сар задани инфиҷорҳо дар манзили сокинон аз эҳтимол дур нест. "Тоҷиктрансгаз" гуфта буд, ки "баъд аз барқарор сохтани лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ дар манзили сокинон азсаргирии интиқоли ин маводи сӯхтӣ барои аҳолӣ имконпазир мешавад".

Коршинос: Интиқоли газ боиси рушди иқтисод мешавад"

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик 9 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон имкон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба як ҷаҳиши бесобиқа даст ёбад. Аммо вай ба ин назар аст, ки рушди иқтисодӣ бидуни интиқоли гази табиӣ ба манзили сокинон маънӣ нахоҳад дошт.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

"Бигзор “Тоҷиктрансгаз” дар як сол ё се сол мушаххас созад, ки вазъи интиқоли эҳтимолии гази табиӣ ба манзили сокинон дар чӣ вазъ аст. Сипас, сармоягузор пайдо карда, лӯлаҳои тахрибшударо ба танзим дароварад. Муҳим ин аст, ки дар канори рушди иқтисодӣ истифода аз гази табиӣ вазъи зистмуҳитӣ дар Тоҷикистонро беҳтар месозад. Мутмаинам, мақомот бояд талош кунанд, ки фаъолияти корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе ва маркази гармиву барқии “Душанбе-2” низ ба истифода аз гази табиӣ гузаронида шавад”.

Зимнан, мақомоти “Тоҷиктрансгаз” хабар доданд, ки то ҳол маркази “Душанбе-2” барои харидории гази табиӣ таваҷҷӯҳ накарда, вале интиқоли ин маводи сӯхтӣ барои фаъолияти маркази гармидиҳии “Душанбе-1” дар нимаи дувуми соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.

Газ ба Тоҷикистон ва барқ ба Узбекистон

То соли 2012 Узбекистон ҳамасола ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро тадриҷан коҳиш дод, ҳарчанд дар оғози солҳои 2000-ум Тоҷикистон соле ҳудуди 1 миллиард метри мукааб газро аз ин кишвар харидорӣ мекард. Дар ниҳоят, Узбекистон эълон кард, ки ба сабаби фурӯши миқдори зиёди гази табиӣ ба Русия ва Чин наметавонад дигар ин намуди сӯзишвориро ба Тоҷикистон содир кунад.

Аз 2-юми апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Узбекистонро шурӯъ кард ва имрӯз 9-уми апрел дар ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд, ки ҳоло дар як шабонарӯз як миллион киловатт соат нерӯи барқи Тоҷикистон ба муштариёни узбек интиқол дода мешавад. Нархи як киловатт соат нерӯи барқи Тоҷикистон барои Узбекистон 2 сенти амрикоӣ муқаррар шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG