Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Олмон ба суханронии Эрдуғон дар ҳамоиши туркҳо дар Ҳамбург


Ҳукумати Олмон рӯзи душанбеи 3-юми июл аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия хостааст, то аз суханронӣ дар миёни туркҳои муқими Олмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви "Гурӯҳи 20" дар Ҳамбург, худдорӣ кунад. Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ҳафтаи гузашта Олмон дархости ҳукумати Туркия барои суханронии Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои туркҳои муқими Олмон дар Ҳамбургро, рад карда буд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Олмон рӯзи душанбеи 3-юми июл бо лаҳне, ки баёнгари ихтилофоти амиқ байни ду кишвар аст, изҳор дошт, ҳузури Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар консулгарии Туркия ё суханронии ӯ аз тариқи видео барои таҷаммӯъкунандагон, нақзи ҳаққи ҳокимияти Олмон аст.

Расонҳои Олмон қаблан гузориш дода буданд, ки эҳтимол дорад миллигароёни тарафдори Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва курдҳои мухолифи вай дар ҷараёни иҷлоси "Гурӯҳи 20" дар Ҳамбург, даст ба тазоҳурот бизананд.

Робитаи Олмон ва Туркия тайи як соли ахир, ба вижа пас аз табаддулоти низомии нофарҷоми тобистони соли гузашта дар Туркия, тира шудааст. Пеш аз баргузории ҳамапурсии Қонуни асосии Туркия, Олмон монеи суханронии мақомҳои давлатии Туркия дар ин кишвар шуд. Ин амали Олмон боиси боло рафтани ҷанги лафзӣ байни Берлин ва Анқара шуд ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон мақомҳои олмониро ба доштани рафторҳои "фашистӣ", муттаҳам кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Олмон ҳамзамон таъкид кардааст, ки барои ҳар гуна иштирок дар чунин ҷамъомадҳо, мебоист аз қабл дархост пешниҳод шавад. Вай гуфтааст, ки Олмон наметавонад монеи суханронии Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар консулгарии Туркия бишавад, аммо гузинаҳое дар ихтиёр дорад, ки метавонад чунин иқдомеро таҳти таъсир қарор диҳад. Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷии Олмон ҳафтаи гузашта гуфта буд, намехоҳад шоҳиди сирояти даргирии дохилӣ дар Туркия, ба ҷомеаи туркҳои муқими Олмон бошад.

Нишасти сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" ҳафтаи ҷорӣ дар Ҳамбург баргузор мешавад. Расонҳои Олмон пештар гузориш дода буданд, ки эҳтимол дорад миллигароёни тарафдори Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва курдҳои мухолифи вай дар ҷараёни иҷлоси "Гурӯҳи 20" дар Ҳамбург, даст ба тазоҳурот бизананд. Ба ҳамин сабаб, нигарониҳое дар хусуси ба миён омадани даргирӣ дар Ҳамбург дар ҷараёни ин нишаст, вуҷуд дорад. Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз, дар Олмон ҳудуди 3 миллион турк зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG