Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон Иттиҳодияи Аврупоро "марди бемор" номид


Раҷаб Эрдӯғон, зимни суханронӣ дар як ҳамоише дар шаҳри Анкара дар рӯзи 6-уми апрел.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дигарбора бо баёнияҳои баҳсбарангезе ба Иттиҳодияи Аврупо дарафтод ва ишора кард, ки мумкин аст, Туркия азмаш барои пайвастан ба ин иттиҳодияро бознигарӣ кунад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, зимни як суханронӣ дар шаҳри Измир гуфт, Аврупо сазои “кореро, ки дар ҳаққи мардуми Туркия кард” мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 16-уми апрел дар рӯзи раъйпурсии умумӣ дар бораи ислоҳи Қонуни асосии Туркия “рӯи миз” хоҳад буд. Дар сурати раъйи мувофиқи мардум, салоҳиятҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон бисёр зиёд мешаванд ва ӯ ҳаққи тасмимгирӣ дар масоили муҳими давлатиро хоҳад дошт. Раҷаб Тайиб Эрдуғон Аврупоро “марди бемор” номид, ибораи тавҳиномезе, ки сиёсатмадорони Аврупро дар қарни 19-ум нисбат ба империяи дар ҳоли азҳампошии Туркҳои усмонӣ истифода мебурданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки яке аз муассисони Ҳизби Исломии Адолат ва Тавсиа аст, соли 2003, нахуствазири Туркия интихоб шуд ва то соли 2014 дар ҳамин мақом кор кард. Ӯро баъдан раиси ҷумҳур интихоб карданд. Эрдуғон гуфтааст, ҳадафаш тағйри низоми ҳукуматдорӣ дар Туркия аз порлумонӣ ба раёсати ҷумҳур аст ва масъала дар раъйпурсии умумии оянда ҳамин аст. Ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳадафи раъйпурсӣ, таъмини суботи сиёсӣ дар Туркия аст.

Акси Эрдӯғон ва шиорҳои тарғиботии раъйпурсии умумӣ
Акси Эрдӯғон ва шиорҳои тарғиботии раъйпурсии умумӣ

Мунтақидони ӯ ва аксарият дар Ғарб мегӯянд, ки дар сурати ислоҳи Қонуни асосӣ қудрати зиёде ба дасти як нафар мегузарад. Онҳо ҳамчунин амалкарди Раҷаб Тайиб Эрдуғонро танқид кардаанд, ки баъди табаддулоти нофарҷоми зиддиҳукуматӣ дар соли 2016 мухолифони давлатро саркӯб кард.

Адовати ахири Эрдуғон нисбат ба Иттиҳодияи Аврупо баъди он бештар зоҳир шуд, ки бисёре аз кишварҳои узви иттиҳодия нагузоштанд, сиёсатмадорони турк дар раҳпаймоиҳои турктаборон барои тарғиби раъйпурсӣ дар шаҳрҳои аврупоӣ ширкат кунанд.

Бисёре аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба мисли Олмон, Ҳолланд ва Австрия, аҳолии зиёди турктабор доранд ва онҳо ҳақ доштанд, то рӯзи 9-уми апрел дар раъйпурсӣ ширкат кунанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суханронӣ дар Измир гуфт, туркҳо дар Аврупо “ситам” мебинанд ва “тавҳин” мешаванд.

Онҳо як аср пеш гуфтанд, ки мо “марди бемор” ҳастем. Ҳоло худашон “марди бемор” ҳастанд. Аврупо дар ҳоли фурӯ пошидан аст.

Ӯ гуфт, “Аврупо барои коре, ки кард, сазояшро мегирад. Худо хоҳад масъалаи Иттиҳодияи Аврупо баъди рӯзи 16-уми апрел дигарбора сари миз бармегардад.”

Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ ба таърихи Туркия ишора кард ва афзуд: “Онҳо як аср пеш гуфтанд, ки мо “марди бемор” ҳастем. Ҳоло худашон “марди бемор” ҳастанд. Аврупо дар ҳоли фурӯ пошидан аст.“

Раиси ҷумҳури Туркия қавл дод, баъди раъйпурсии умумӣ бо имзои қонуне, ҳукми қатлро ба кишвар бармегардонад ва агар ин корро кунад, Туркия ба таври автоматӣ аз ҳаққи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо маҳрум мешавад.

Туркия дар соли 2004 барои иҷрои меъёрҳои узвият дар иттиҳодия аз ҳукми қатл даст кашид. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳоло маълум нест, натиҷаҳои раъйпурсӣ дар Туркия чӣ гуна хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG