Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба туркҳои Аврупо: "5 фарзанд ба дунё биёред. Ояндаи Аврупо шумоед"


Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаҳрвандони турк муқими Аврупоро ба доштани ҳадди ақал панҷ фарзанд тарғиб карда ва ба онҳо гуфтааст, ки "шумо ояндаи Аврупо ҳастед."

Тайи чанд ҳафтаи ахир танишҳо миёни Туркия ва кишварҳои аврупоӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат Ҳолланд ва Олмон аз баргузории суханронии бархе аз сиёсатмадорони турк ба нафъи ҳамапурсии тағйири Қонуни асосии Туркия дар хоки худ, ҷилавгирӣ карданд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ дар вокуниш борҳо кишварҳои аврупоиро ба амалкардҳое мисли "Олмони фашистӣ" дар баробари туркҳо муттаҳам кард. Ин изҳорот вокунишҳои васеъеро дар Аврупо ба миён овард.

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон шаҳрвандони турк муқими Аврупоро ба доштани ҳадди ақал панҷ фарзанд тарғиб карда ва ба онҳо гуфтааст, ки "шумо ояндаи Аврупо ҳастед."

Тибқи гузориши хабаргузории Франс-пресс, Раҷаб Таййиб Эрдуғон авохири ҳафтаи гузашта дар як суханронӣ дар миёни тарафдорони худ гуфтааст, ки "аз инҷо мегӯям, шаҳрвандони ман, хоҳарон ва бародарон дар Аврупо, бачаҳои худро ба беҳтарин мактабҳо бифиристед. Мутмаин шавед, ки хонаводаҳоятон дар беҳтарин маҳаллаҳо зиндагӣ бикунанд. Беҳтарин мошинҳоро савор бишавед ва дар беҳтарин хонаҳо зиндагӣ бикунед."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон таъкид кардааст, "маҳалле, ки шумо дар он зиндагӣ ва кор мекунад, акнун ватани шумост, сарзамини модарии нави шумо мебошад". Вай афзуд, "панҷ фарзанд ба дунё биёваред, на се то. Шумо ояндаи Аврупо ҳастед". Раиси ҷумҳури Туркия изофа кардааст, ки "ин беҳтарин посух ба беадабиҳо нисбат ба шумост."

Миллионҳо турк ва турктабор дар кишварҳои мухталифи Аврупо зиндагӣ мекунанд, ки ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, ҳудуди 2,5 миллион онҳо ҳаққи раъй додан дар интихоботҳои Туркия мебошанд. Ҳамапурсии барои тағйири низоми порлумонӣ ба президентӣ дар Туркия қарор аст рӯзи 16 апрел баргузор шавад. Ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон талош дорад ҳимояти туркҳо дар кишварҳои аврупоиро ба худ ҷалб кунад.

XS
SM
MD
LG