Пас аз интишори хабарҳо дар мавриди ҳамлаи муҳофизони раиси ҷумҳури Туркия дар Вошингтон ба гурӯҳе аз эътирозгарон ба cафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар назди сафорати Туркия, вазорати умури хориҷии Амрико нигаронии ҷиддии худро баён кардааст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 17 май гуфтааст, ки "хушунат ҳаргиз вокуниши муносиб ба озодии баён нест. Мо ҳама ҷо аз ҳаққи мардум барои бархурдор будан аз озодии баён ва эътирозҳои мусолиматомез, ҳимоят мекунем". Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки Вошингтон нигаронии ҷиддии худро бо давлати Туркия дар миён гузоштааст.
Пас интишори хабарҳо дар мавриди ҳамлаи муҳофизони раиси ҷумҳури Туркия дар Вошингтон ба гурӯҳе аз эътирозгарон ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар назди сафорати Туркия, вазорати умури хориҷии Амрико нигаронӣ кардааст.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои дидор ва гуфтугӯ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба Вошингтон сафар кардааст. Аммо бахше аз ин сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон зери сояи раҳпаймоиҳо ва эътирозҳои шуморе аз мухолифон ба сиёсатҳои раиси ҷумҳури Туркия ва даргирии муҳофизони вай бо муътаризон, қарор гирифтааст.
Шуморе аз шоҳидон дар маҳали ҳодиса гуфтаанд, ки дар ҷараёни эътирозҳо дар назди сафорати Туркия дар Вошингтон, муҳофизони ҳамроҳи раиси ҷумҳури Туркия дар Амрико, аз сафи нерӯҳои пулиси Амрико гузаштанд ва "бо мушту лагад" ба шуморе аз эътирозгарон ҳамла кардаанд.
Як сухангӯи пулиси Амрико низ дар шарҳи даргирии муҳофизони раиси ҷумҳури Туркия, онро "ҳамлаи хушунатбор ба раҳпаймоии мусолиматомез" хондааст. Пулис мегӯяд, дар ҳоли бозбинии наворҳои сабтшуда аз ҳодиса аст ва дар назар дорад гумонбарҳоро шиносоӣ карда ва таҳқиқот анҷом диҳад. Тибқи гузоришҳо, ду гумонбар -- аммо на аз кормандони амниятии ҳамроҳ бо Эрдуғон, боздошт шудаанд. Дар ҷараёни ҳодиса 11 нафар захмӣ шудаанд.
Рӯзномаи "Вошингтон пост" гузориш додааст, ки дар миёни афроде, ки пулис бо онҳо таҳқиқоти аввалия анҷом медиҳад, чанд тан аз муҳофизони мусаллаҳи Эрдуғон низ ҳастанд. Илова бар вазорати умури хориҷии Амрико, чанд тан аз қонунгузорони Амрико низ дар мавриди воқеаи рӯзи чаҳоршанбе ибрози нигаронӣ кардаанд.
Ҳукумати Туркия ҳанӯз ба ин рухдод вокунише нишон надодааст. Аммо хабаргузории расмии Туркия "Анадолу" рӯзи 17 март гузориш дод, ки ҳайати муҳофизоти Эрдуғон баъд аз иқдомоти таҳрикбарангези эътирозгарон, даст ба ин кор задаанд. Ҳодиса дар рӯзе сурат гирифт, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Доналд Трамп дар Қасри Сафе бо ҳам мулоқот карданд ва масоили муҳиме чун мусаллаҳ кардани курдҳои Сурия аз сӯи Амрико, ки Туркия онҳоро "террорист" меномад, баррасӣ намуданд.
Сафорати Туркия дар Вошингтон гуфтааст, ки эътирозгарон аъзои гурӯҳи Ҳизби коргарони Курдистон ё PKK мебошанд, ки дар Туркия ва Амрико чун созмони террористӣ шинохта шудааст. Ин иддаои сафорати Туркия аз сӯи манбаъҳои дигар таъйид нашудааст. Сафорати Туркия дар Амрико гуфтааст, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон баъд аз мулоқот бо Доналд Трамп ва намояндагони туркҳои Амрико дар иқоматгоҳи сафир ҳузур дошт. Сафорати Туркия гуфтааст, ки хушунатҳо бар асари роҳпаймоии ғайриқонунии эътирозгарон, сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин эътирозҳо, тарафдорони ҳизби мардумӣ-демократии Курдистон ва ҳамчунин арманиҳо ширкат доштанд. Арманиҳо талаб доранд, ки Туркия масъулияти ба гуфтаи онҳо "наслкушӣ"-и ин ақалият дар даврони Хилофати Усмониҳоро ба дӯш бигирад. Ба иддаои онҳо, он замон 1 миллион арманӣ аз сӯи туркҳои усмонӣ кушта шудаанд.
Барои бори аввал нест, ки миёни муҳофизони Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва эътирозгарону рӯзноманигорон чунин бархӯрд сурат мегирад. Аз ҷумла моҳи марти соли 2016 дар берун аз Пажӯҳишгоҳи Брокингс дар Вошингтон -- ҷое, ки Эрдуғон дар бораи сиёсати хориҷӣ суҳбат мекард, чунин иттифоқ афтода буд.