Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Яман мегӯянд, аз силоҳ истифода накардаанд


Нируҳои амниятӣ дар Таиз тазоҳуротро пароканда мекунанд
Нируҳои амниятӣ дар Таиз тазоҳуротро пароканда мекунанд
Нируҳои интизомии Яман дар шаҳри Таиз барои пароканда сохтани тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, нируҳо аз аслиҳаи оташзо оташ кушодаанд ва газҳои ашковар истифода кардаанд, то даҳҳо ҳазор нафарро пароканда созанд. Аммо хонум Аммат Алмалик як ҷониблори мухолифон чунин мегӯянд:

“То ҳол инқилобиён аз аслиҳа истифода накардаанд. Барои он, ки мо инқилоби мувафақ дошта бошем, беҳтар аст аслиҳа ба кор набарем”.

Мухолифон истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ-раиси ҷумҳури Яманро тақозо мекунанд. Вай 32 сол дар ин кишвар дар сари қудрат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG