Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопайморубои қазоқ бо терроризм иртибот надорад


Полиси Италия мегӯяд, як шаҳрванди Қазоқистон, ки талош дошт ҳавопаймои хати парвози Порис-Румро аз хати парвоз барорад ва ба Троблус-пойтахти Либия бибарад, аз афсурдагӣ заҷр мекашад ва ҳеҷ иртибот бо терроризм надорад. Полис ин шаҳрвандро, ки Валерий Толмашёв ном дорад, бозпурсӣ кардааст. Вай 48 сол дорад. Вай рӯзи якшанбе 5 соат як халабони ҳавопайморо бо корд таҳдид кардааст. Хабаргузории ANSA-и Италия навиштааст, Толмашёв падари ду фарзанд аст ва дар Пориси Фаронса ба сар мебарад ва ҳеҷ гоҳ дар Италия набудааст. Бино ба гузоришҳо, вай мушовири намояндагии Қазоқистон дар ЮНЕСКО будааст ва бемории равонӣ доштааст. Вай барои гаравгонгирӣ ва талоши ҳавопайморубоӣ муттаҳам мешавад. Мусофирони ҳавопаймо ба халабонон кӯмак кардаанд ва ҳавопаймо бо 131 мусофир бидуни осеб ба замин фуруд омадааст.
XS
SM
MD
LG