Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров аз водии Рашт боздид мекунад


Шукурҷон Зҳуров
Шукурҷон Зҳуров
Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон барои боздиди як ҳафтаина ба водии Рашт рафтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии порламони Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, Зуҳуров ба аҳолии минтақа муҳтавои паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порламони ин кишварро тавзеҳ мекунад. Интизор меравад, ки Зуҳуров ҳамчунин барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро бо сокинони маҳал баррасӣ кунад. Боздиди Зуҳуров аз минтақа дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар ин минтақа моҳҳои ахир нируҳои амниятии Тоҷикистон бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ амалиёт анҷом доданд. Дар ин амалиёт Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло аз байн бурда шуданд.
XS
SM
MD
LG