Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО се сарбозашро дар Афғонистон талаф дод


Паймони НАТО мегӯяд, рӯзи шанбе бар асари инфиҷори бомби канори роҳ дар ҷануби Афғонистон ду сарбози Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ кушта шуданд. Маҳалли ҳодиса ва миллияти сарбозонро ошкор накардаанд. Сарбози саввуми НАТО рӯзи шанбе зимни суқути чархболи нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти шарқии Каписа ҷон додааст. Гурӯҳи Толибон гуфт, ки чархболро сарнагун карда ва ҳам ба сарбозоне, ки барои наҷоти халабонҳо омада буданд, ҳамла кардаанд. Бино ба гузоришҳо сар аз соли равон то кунун нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон 135 сарбози худро талаф додаанд. Ва дигар ин ки афроди мусаллаҳ дар шарқи ин кишвар Абдул Зоҳир, раиси собиқи нояиҳи Марҷа, аз ноҳияҳои ноороми Афғонистонро куштаанд.
XS
SM
MD
LG