Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромодановский: Русия кишвари муҳоҷирпазир боқӣ мемонад


Константин Ромодановский-раиси хадамоти муҳоҷиратии Русия хостори аз миён бардоштани квота барои муҳоҷирони кории хориҷӣ шудааст. Бо назардошти коҳиши шумораи аҳолии Русия дар солҳои минбаъда вай гуфтааст, ки бояд роҳҳои дарёфти шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон низ соддатар шавад. Ба гуфтаи оқои Ромодановский, агар то соли 2020 ба ҳамин минвол иқтисоди Русия рушд ёбад ва раванди коҳиши шумораи аҳолӣ давом кунад, ин кишвар аз 10 то ба 20 миллион нафар нируи кории хориҷӣ ниёз хоҳад дошт, зеро то он вақт нируи қобили кори Русия камтар хоҳад шуд. Вай мегӯяд, ба Украинаву Молдова намешавад умед баст, зеро муҳоҷирони кории онҳо бештар Аврупоро барои муҳоҷират интихоб мекунанд. Ба ҳамин сабаб сарчашмаи аслии нируи корӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG