Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ ва ба қавли пайвандонаш ним сол боз бедарак буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст. Ҷасад ё пайкари Алӣ Забурзодаи 39-соларо рӯзи 7-уми декабри имсол аз Русия ба Душанбе оварда, дар зодгоҳаш, деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ, дафн карданд.
Пайвандонаш дар бораи чӣ гуна ба ҷанги зидди Украина рафтани ӯ ошкоро ва ботафсил суҳбат накарданд, чун ба гуфтаашон “ин кор метавонад монеи гирифтани ҷубронпулӣ аз Русия шавад”.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Алӣ Забурзода дар соли 2022 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Челябински Русия боздошт шудааст. Дар бораи ҳукми зиндони ӯ дар манобеи боз маълумот нест.
Ба иттилои дарёфтӣ, Алӣ Забурзода қаблан Сафаралӣ ном дошт ва баъди як бор ихроҷ шудан аз Русия номашро ба Алӣ тағйир дод. Яке аз ҳамдеҳагонаш рӯзи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, вай давоми қариб даҳ соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекард. Ҳамсар ва як писари Алӣ Забурзода дар деҳаи Махшевад будаанд. Писараш 14-сола аст.
Номи Забурзода дар рӯйхати тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудаанд. Ин рӯйхат аз сӯи тарҳи "Зистан мехоҳам" дар Украина таҳия шуда, моҳи сентябри имсол нашр гашт. Дар феҳрист омадааст, Алӣ Забурзода дар ҳайати дастаи тирандозӣ ҷанг мекард ва 17-уми июни соли 2025 кушта шуд.
Ба гуфтаи як сокини деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ, ба наздикони Алӣ Забурзода иҷозаи дидани ҷасадро надодаанд. Гуфта мешавад, ҷасади мардро аз рӯи ташхиси ДНК муайян кардаанд.
Ин ягона мавриди кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Русия алайҳи Украина нест. Давоми се соли охир пайкари чанд тоҷикистониро аз Украина ба Тоҷикистон оварданд.
Дар ҳоли ҳозир шумори дақиқи тоҷиқоне, ки аз тарафи Русия дар ҷанги зидди Украина иштирок доранд, нашр намешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чунин рӯйхат нест ва касеро ҳам барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ба ҷавобгарӣ накашидаанд.
Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати боз 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.