Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад талаби тазоҳургаронро иҷро кард


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия имрӯз бо судури қароре, вазъи фавқуллода дар кишварро хотима дод, додгоҳҳои амнияти миллиро пароканда кард ва ба шаҳрвандон иҷоза дод, тазоҳуроти осоишта баргузор кунанд. Ҳукумати Сурия қарор доир ба лағви вазъи фавқуллодаро ҳафтае пеш тасвиб кард. Як талаби аслии тазоҳургарон дар Сурия лағви ҳамин вазъи фавқуллода буд, 48 соли пеш эълом шудааст. Аз замони оғози тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар як моҳи пеш ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, то кунун 200 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG