Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқ салафиҳоро масъули ошӯбҳо номид


Башор Асад
Вазорати умури дохилаи Сурия гуфт, ошӯб дар ин кишвари арабӣ акнун ба ҳадди, ба таъбири ин ниҳод, “исёни мусаллаҳона” расидааст. Ин вазорат гуфт, фаъолияти гурӯҳҳои омили ошӯбро таҳаммул нахоҳанд кард. Вазорати дохилаи Сурия дар баёнияаш мегӯяд, “исёни мусаллаҳона, бахусус дар шаҳрҳои Ҳумсу Бониёс, кори дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи марбут ба созмонҳои салафист.”
Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки рӯзи душанбе ҳазорон тазоҳургар бо талаби истеъфои режими Башор Асад маркази Ҳумс, севвумин шаҳри бузурги Сурияро ишғол карданд. Фаъолон мегӯянд, рӯзи якшанбе дар даргириҳо бо нирӯҳои амниятӣ дар Ҳумс то 12 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG