Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофот дар робита ба сарнавишти Замин


Конфронси Созмони Милал оид ба муқобила бо гармоиши курраи Замин ин соатҳо дар ҳоли хотима ёфтан аст ва дар айни ҳол мухолифати кишварҳо дар робита ба мизони коҳиши газҳои гулхонаӣ боқӣ мемонад. Ҳадафи конфронси байналмилалӣ дар ҷазираи Балии Индонезӣ таҳияи санадест, ки бояд баъди хотимаи замони иҷрои паймони Киото дар соли 2012 ин паймонро иваз кунад. Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дар ҳоли рушд мехоҳанд, дар конфронс тавофуқи ниҳоӣ ба даст ояд, ки бар асоси он бояд кишварҳои санъатии ҷаҳон ихроҷи газҳои гӯлхонаиро то соли 2020 аз 25 то 40 дар сад кам кунанд. Аммо Амрико, Ҷопон ва баъзе аз кишварҳои дигар мухолифи таъйини мизони мушаххас ҳастанд, зеро ба гуфтаи онҳо, дар ин сурат музокирот барои коҳиши газҳои гулхонаӣ маҳдуд мешавад.
XS
SM
MD
LG