Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад Шӯрои Бритониёро бубандад


Русия аз Шӯрои Бритониё даъват кардааст, ки то оғози соли 2008 куллия намояндагиҳояшро дар саросари ин кишвар, ба ҷуз аз пойтахт, барои муваққат бубандад. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки чунин иқдом бо сабаби "набуди асоси ҳуқуқии тарҷеҳдиҳандаи фаъолияти ин ниҳод" дар Русия гирифта мешавад. Дар вокуниш ба чунин хабар Людмила Алексеева, раиси гурӯҳи Ҳелсинки дар Маскав гуфт:

"Ин ҳодиса хеле зиёд даврони маҳзунеро ба хотир меорад, ки мо паси девори оҳанӣ будем ва иҷоза надоштем, ки бидонем дар тарафи дигар чӣ мегузарад. Илова ба ин, ин амал як таъсири манфии иҷтимойӣ ҳам мегузорад. Бубинед, барои мардуми сарватманд ва мақомдори мо мӯд аст, ки фарзандони худро барои таҳсил ба хориҷа, ва пеш аз ҳама ба Инглистон фиристанд. Ва ин дар ҳоле, ки Шӯрои Бритониё имкони гирифтани маълумоти хубро ба қишри начандон дорои ҷомеа фароҳам меовард".

Шӯрои Бритониё як созмони ҷамъиятӣ аст, ки ба ҳайси бахши фарҳангии сафорати ин кишвар дар Русия амал мекунад. Мақомоти Русия мегӯянд, ки шӯрои мазкур як муассисаи даромаддиҳанда аст ва бояд андозбандӣ шавад.

XS
SM
MD
LG