Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Қочоқи 4 тонна носи тоҷикӣ ба Русия

Мақомоти Русия мегӯянд, ки аз қочоқи чаҳор тонна нос аз Тоҷикистон ба он кишвар ҷилавгирӣ карданд. Хадамоти гумруки Русия зимни баёнияи расмӣ гуфтааст, ки миқдори бузурги носро, як шаҳрванди Русия таввасути қатор ба минтақаи Сибир интиқол додааст. Ба гуфтаи мақомот, ин фард мехостааст, носро дар шаҳри Красноярск бифурушад. Чаҳор тонна носро тоҷири рус дар дохили халтаҳои меваҳои хушк пинҳон кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

158 кас гирифтор шуд ва 158 кас шифо ёфт. Омори нави мақомоти тоҷик дар бораи коронавирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, омори гирифторӣ ва шифоёбии беморони COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта баробар буд. Ба иттилои Вазорат, дар 24 соати гузашта 158 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, ҳамин миқдор беморон шифо ёфтаанд.

Ба изофаи омори нав, шумори гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон акнун ба 3424 нафар расид. Ба иттилои мақомот, 1575 нафар аз беморон шифо ёфта, 47 нафар ҳам ҷон додаанд.

Бо ин вазъ шубҳаҳо ба оморҳои расмӣ зиёд аст ва бисёриҳо мегӯянд, мақомот на ҳама ҳақиқатро дар бораи коронавирус баён медоранд. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет, шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" то имрӯз 354 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд. Ҳарчанд мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд.

Дар Русия моҳи апрел бекорӣ то 23 дарсад афзудааст

Ярмаркаи кор дар шаҳри Омск. Акс аз соли 2016

Моҳи апрел дар Русия сафи бекорон то 4,3 миллион нафар ваё 5,8 дарсад зиёд шуд. Дар қиёс бо моҳи март бекорӣ то 23 дарсад афзуда дар маҷмӯъ 815 ҳазор нафарро фаро гирифт. Дар ин бора дар омори оҷонсии Росстат хабар дода шудааст.
Аз миёни 1,3 миллион нафари бекори дар Роструд ба қайдгирифташуда 1,1 миллион нафарашон ба ҳайси бекор маблағ дарёфт карданд. Дар Русия аз охири март то миёнаҳои май низоми рӯзҳои истироҳат ҷорӣ шуд, вале ба ҳар минтақа иҷоза доданд, ки фурсати бекор кардани карантинро мустақилона танзим кунанд. Масалан, дар Маскав маҳдудият то 31 май идома хоҳад ёфт. Дар ин муддат корхонаву мактаб ва маъракаҳои ҷамъиятӣ бекор шуданд. Бисёр сокинони Русия аз ҳисоби худ дар истироҳат буданд. Пешбиниҳои вазорати кори Русия ин аст, ки шумори бекорон дар соли 2020 аз 5 миллион нафар бештар хоҳад шуд.

Раиси собиқи пажӯҳишгоҳи стратегии назди президенти Узбекистон дар ҷосусӣ айбдор шуд

Рафиқ Сайфулинро аз афроди наздик ба Рустам Иноятов меноманд

Додгоҳи ҳарбие дар Узбекистон рӯзи 25 май собиқ раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Узбекистонро бо иттиҳоми “ҷосусӣ ба манфиати Русия” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора бо такя ба як ҳуқуқшинос бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Рафиқ Сайфулини 61-сола гуноҳашро қисман эътироф кард. Ҳуқуқшиносе, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, Сайфулин гуфтааст, ки бархе маводи таҳлилиро дар ихтиёри Русия қарор медод, вале ин мавод санад ваё маълумоти махфӣ неву таҳлилӣ буд. Як мақоми баландпоя дар вазорати умури дохилии Узбекистон гуфт, ки Рафиқ Сайфулин дар “ҷосусӣ ба манфиати Русия” ва “фош кардани сирри давлатӣ” гунаҳгор дониста шуд. Маълум нест, ки оё маҳкумшуда аз болои қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мекунад ё на. Рафиқ Сайфулин корро даврони шӯравӣ дар КГБ сар карда, забонҳои форсӣ, пушту ва дариро медонад. Баъди истиқлолият, дар солҳои 1994-95 дар кумитаи давлатии пешбиниву омори кабинаи вазирони Узбекистон кор кардааст. Дертар раҳбарии пажӯҳишгоҳи стратегиро ба ӯҳда гирифт. Ӯро аз афроди наздик ба собиқ раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов меноманд.

80% табибон дар Русия ба омори расмии марг бар асари коронавирус бовар надоранд

Красногорски Русия

Тахминан 80% табибон дар Русия ба омори расмии марг бар асари коронавирус дар ин кишвар бовар надоранд. Пурсиши RNC Pharma ва "Доктор на работе", ки дар маҷаллаи "Медицинский вестник" нашр шуд, ба ин натиҷа омадааст, ки 61 дарсади духтурон гуфтаанд, ба натиҷаҳои омори расмӣ дар бораи марг шубҳа доранд. 17 дарсад гуфтанд, ки дасткорӣ шудани омори расмиро исбот карда метавонанд. 8 дарсад гуфтанд, ки феълан зарурат барои таҳрифи маълумот нест, вале бо афзоиши бештари ҳодисаҳои олудагӣ дасткории омор ҳам шурӯъ хоҳад шуд. Аз миёни табибон танҳо 9 дарсад гуфтанд, ки ба омори расмӣ пурра бовар доранд. Онҳо гуфтанд, ки маводи марбут ба марги инсонҳоро дасткорӣ карда намешавад. Маҷаллаи тиббӣ барои шарҳи натиҷаҳои пурсиш ба вазорати беҳдошти Русия муроҷиат кард.

Муддатҳои зиёд аст, ки дар заминаи омори расмии талафот бар асари коронавирус шубҳа баён мешавад, вале мақомот инро ҳамеша рад кардаанд.
Вебсайти "Медиазона" ҳисоб кардааст, ки бар асари коронавирус дар Русия на камтар аз 186 корманди тиббӣ ҷон додааст. Дарсади воқеии марги табибон дар таносуб бо кишварҳои аҳолиаш ҳамсон ба маротиб болотар аст.

Моҳи май дар мақолаи нашрияҳои бритониёиву амрикоии The Financial Times ва The New York Times бо такя ба таҳқиқоте гуфта шуд, ки дар Русия омори воқеии талафоти инсонҳо бар асари коронавирус метавонад 70% бештар аз нишондодҳои расмӣ бошад. Дар вазорати хориҷаи Русия ин навиштаҳоро “тахминҳои беасос” ва “дурӯғи навбатии ҳангомасоз бар зидди Русия” номида, талаб карданд, ки нашрияҳо барои ин матлаб узрхоҳӣ кунанд. То рӯзи 27 май дар Русия 370680 ҳодисаи олудагӣ ва 3968 ҳолати марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумори шифоёфтагон 142208 нафар гуфта мешавад.

Коммерсант: Русия сахттар шудани созиши ОПЕК+-ро пешниҳод мекунад

Дар мулоқоти моҳи июни созмони ОПЕК+ Русия мумкин аст, ҳифзи сатҳи кунунии истихроҷи нафтро то моҳи сентябри соли ҷорӣ пешниҳод кунад.

Дар ин бора нашрияи “Коммерсант”-и Русия бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Бино ба созиши моҳи апрелӣ, аз моҳи май то июли соли равон кишварҳои узви ОПЕК+ бояд истихроҷи нафтро то 9,7 миллион бушка дар шабонарӯз кам кунанд. Баъдтар пешниҳод шуд, ки ҳаҷми истихроҷи нафт то 8 миллион бушка дар рӯз то охири соли 2020 ва то 6 миллион бушка то соли 2021 кам карда шавад.

Русия дар пайи созиши ахир истихроҷи нафтро то 8,5 миллион бушка дар рӯз дар моҳҳои май-июл кам мекунад. Ба иттилои нашрия, вазорати энержии Русия ҳифзи ин квотаро барои ду моҳи оянда мумкин аст, дархост кунад.

Ба иттилои манбаи нашрия, сахттар шудани мавқеи Русия ба фишори шарики асосии созишнома Арабистони Саудӣ рабт дорад, ки ин кишвар аз сатҳи кунунии истихроҷи нафт норозӣ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран талабот ба нафт ба эътидол даромадааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо Отамбоев дар боздоштгоҳ мулоқот кард

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон

Токон Мамитов, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар рафт ва бо президенти пешин Алмосбек Отамбоев мулоқот кард.

Аз хадамоти матбуотии ваколатдор иттилоъ доданд, ки Мамитов бо вакили пешин Канибек Осмоналиев, ноиб-сарвазири пешин Дуйшенбек Зилолиев ва шаҳрдори пешин Албек Ибраимов ҳам мулоқот кардааст.

Алмосбек Отамбоев аз номуътадилии фишори хунаш шикоят кардааст.

Маҳбусон ҳамчунин аз бархе судяҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кардаанд.

Аз хадамоти матбуотии ваколатдор гуфтанд, ки ҳамаи шикоятҳо таҳлил ва ба мақомоти додгоҳиву ҳифзи ҳуқуқ расонида мешавад.

Собиқ раҳбари Чувашия аз болои қарори Путин ба додгоҳ шикоят кард

Соли 2014. Мулоқоти Путин ва Игнатев


Собиқ раҳбари минтақаи Чувашия Михаил Игнатев, ки аз болои президент Владимир Путин ба додгоҳ шикоят кард, бо нишонаҳои пневмонияи дутарафа ва осеби амиқи шуш дар беморхона бистарӣ шудааст. Ӯ дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербург аст ва ба дастгоҳи хунгузаронии сунъӣ пайваст аст. Дар ин замина нашрияи “Коммерсант” хабар дода гуфтааст, ки Игнатев дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Вебсайти Mash мегӯяд, ки мақомдори собиқ аз аввали май дар беморхона қарор дорад.
Игнатеви 58-сола аз соли 2010 то январи соли 2020 раҳбари Чувашия буд. Моҳи январ Путин ӯро бо тавзеҳи расмии “аз даст додани эътимод” аз мақомаш барканор кард ва дирӯз маълум шуд, ки ӯ аз болои ин қарор ба додгоҳ шикоят кардааст.
Игнатев аввалин раҳбари як минтақа дар таърихи Русия аст, ки қарори барканориашро тавассути додгоҳ ба чолиш мекашад. Қарор аст мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин даъво дар Додгоҳи Олии Русия 30 июн баргузор шавад. Феълан маълум нест, ки оё мурофиа бо сабаби бемор будани даъвогар ба таъхир гузошта мешавад ё на.

Нафткаши дуюми эронӣ ба захирагоҳи азимтарини Венесуэла расид

Киштии нафткаши  “Fortune”

Нафткаши дуюми эронӣ ҳомили газу нафт бо вуҷуди тавсеаи ихтилофҳои Вашингтон ва ду кишвари таҳримшуда, рӯзи 26 май ба соҳилҳои Венесуэлаи дучори бӯҳрон расид.
Киштӣ рӯзи 25 май вориди обҳои Венесуэла шуд. Поинравии башиддати нархи нафт баъди соли 2014 бӯҳрони иқтисодии Венсуэларо амиқтар кард. Киштии аввалини эронӣ 24 соат пеш аз он вориди обҳои Венесуэла гардид. Киштии “Fortune” нафтро ба захирагоҳи Эл Палито бурд ва ин коргоҳ тавони дар як рӯз коркард кардани 140 ҳазор бушка нафтро қодир аст. Худи рӯзи 26 май нафткаши сеюм ҳам вориди обҳои Венесуэла шуд ва қарор аст ду нафткаши дигар ҳам базудӣ бирасад.

Тарҳи қонуни нав дар бораи суруди миллӣ боиси эътирозҳои нав дар Ҳонгконг шуд

Ҳонгконг, 27 май. Эътирозгарон талош доранд аз таъсири дастгоҳи мурчпошӣ панаҳ шаванд

Полиси Ҳонгконг рӯзи 27 май ба сӯи эътирозгарон, ки аз тарҳи нави қонуни муҷозоткунандаи “таҳқир”-и суруди миллии Чин норозӣ ва ба маркази шаҳр рехтанд, бо дастгоҳи мурчу қаланфурпошӣ посух дод. То нисфирӯзӣ дастикам 17 эътирозгар, аз ҷумла мактабхонҳои 14 ва 15-сола ҳабс шуданд. Онҳоро дар нигаҳдошти асбобҳое, ки “барои мақсадҳои ғайриқонунӣ” ба хотири доштани кулоҳи бехатар ва дастгоҳи нафаскашӣ ба кор мераванд, гунаҳгор карданд. Тарҳи қонун аз ҳама мактабҳои Ҳонгконг талаб мекунад, ки суруди миллии Чинро азхуд карда, “ҳама шахсон ва корхонаҳо” дар маъракаҳо онро бисароянд. Агар ин қонун қабул шавад, барои “масхараву сӯиистифода” аз он то се соли зиндон ва то 6 ҳазор доллар ҷарима таъин мешавад. Агар рӯзи 27 май шӯрои қонунгузор онро дар хониши дуюм қабул кард, хониши сеюм ва овоздиҳӣ моҳи июн барпо хоҳад шуд. Ин тарҳ дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Пекин ният дорад қонуни амнияти миллӣ барои Ҳонгконгро қабул кунад ва ин санад фаъолияти сохторҳои интизомиро дар ин маркази тиҷоратӣ иҷоза хоҳад дод.

Мақомот: Сокини Исфара дар марзи Қирғизистон захмӣ шудааст

Марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро ба оташкушоӣ ба сӯи сокини Исфара муттаҳам кардаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса пеш аз зуҳи 27-уми май рух дод. Мақомоти Қирғизистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд.

Идораи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, Соат Бахтибеков, бошандаи ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ба сӯи Шукрона Шаропова, як сокини 25-солаи Чоркуҳ тир кушода, “ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.”

Дар изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Шукрона Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ аст.

Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтанд, дар бораи ҳодиса ва шарҳи расмии Тоҷикистон феълан изҳори назар намекунанд. Мақомоти қирғиз гуфтанд, раиси ҷамоаи овулҳо Усарова ба ҷойи ҳодиса рафта ва вазъ феълан ором аст.

Тибқи иттилои дарёфтии хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Соатбек Бахтибеков аз хешовандони нафаре аст, ки дар муноқишаи рӯзи 8-уми май ҷароҳат бардошта буд.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Феълан маълум нест, ки шаҳрванди Қирғизистон дар чӣ шароит ба сӯи Шукрона Шаропова, коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии Чоркуҳ оташ кушодааст. Ҳамчунин дақиқ нест, ки шаҳрванди Қирғизистон дар боздошт аст ё не. Неруҳои марзбонии Қирғизистон, ки дар ҳар муноқишаи марзӣ ба таврӣ фаврӣ изҳорот медод, бо гузашти се соат аз ҳодиса то ҳол шарҳе надодааст. Идораи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мисли чанд изҳороти қаблии худ гуфтааст, чунин амалҳо “метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.”

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бахусус дар минтақаи Исфара ва Ботканд ҳар моҳ шоҳиди муноқиша миёни сокинони наздимарзӣ мешавад. Дар ҳафта ахир низ дар ин минтақа чанд муноқиша рух дод, ки дар пайи он аз ҳарду тараф марзбонон ва шаҳрвандони оддӣ захм бардоштанд.

Твиттер Доналд Трампро ба "дурӯғпароканӣ" муттаҳам кард

Доналд Трамп аксаран Твитерро барои нашри баёнияҳояш истифода мекунад.

Шабакаи иҷтимоии Твиттер бори аввал, ду навиштаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро “собитношуда” номид ва гуфт, ки ӯ иддаоҳои дурӯғ паҳн мекунад. Дар байнияи Твиттер дар рӯзи 26-уми май омадааст, ки Доналд Трамп бардурӯғ иддао кардааст, ки раъйдиҳӣ аз тариқи почта сабаби “интихоботи тақаллубӣ” мешавад.

Зери навиштаҳои Доналд Трамп дар Твиттер пайванди кабуде гузоштаанд, ки ба хонанда мефармояд, ки доир ба раъйдиҳӣ аз тариқи почта, маълумоти воқеӣ ба даст биёрад. Ин пайванд корбаронро ба вебсайтҳои Си Эн Эн, Вашингтон Пост ва дигар матбуоте ҳидоят мекунад, ки иддаоҳои раиси ҷумҳурро рад беасос меноманд.

Твиттер гуфтааст, Доналд Трамп ҳамчунин бардурӯғ иддао кардааст, ки варақаҳои раъйдиҳиро метавонанд, аз тариқи почта ба ҳар сокини Калифорния бифристанд, вале дар воқеъ ба навиштаи Твиттер, “варақаҳоро касе мегирад, ки сабти ном шудааст”. Масъалаи раъйдиҳӣ аз тариқи почта дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри имсол як масъалаи баҳсбарангез шудааст.

Ҳизби демократ мехоҳад, барои пешгирӣ аз сирояти бемории СОVID-19 дар ҷараёни интихобот, раъйдиҳӣ тавассути почта васеътар ба кор бурда шавад. Баъди муддати кӯтоҳе аз баёнияи Твиттер, раиси ҷумҳури Амрико, ширкатро ба “мудохила” дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки Твиттер “озодии баёнр” – ро маҳдуд месозад ва ӯ ба чунин чизе “иҷоза нахоҳад дод.”

Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи таърихи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон гуфт

Доналд Трамп, президенти ИМА

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки барои хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон таърихи мушаххас таъин накардааст. Дар ҳоле, ки мегӯянд, тӯлонитарин ҷанги Амрико метавонад дар остонаи интихоботи президентии моҳи ноябр хотима ёбад, Трамп дар изҳориназарҳояш рӯзи 26 май гуфт: “Мо дар он ҷо инак 19 сол ҳастем, бале, ба назарам ин кофист… Мо агар бихоҳем ҳамеша метавонем баргардем”. Трамп, ки дар як нишасти хабарии Кохи Сафед сӯҳбат мекард, гуфт, “ман санаи мушаххасе надорам. Ҳар вақте зарур буд”.
ИМА ва Толибон 29 феврали соли ҷорӣ созиши сулҳ имзо карданд ва рӯзи 26 май дар чаҳорчӯби ин созиш ҳукумати Афғонистон боз 900 узви дигари Толибонро озод кард. Қарор аст имшаб оташбаси серӯза ба муносибати Иди Фитр бо ҷангиён ба анҷом расад. Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ гуфт, ки ҷониби ҳукумат ба тамдиди оташбас умед мебандад.

СОVID-19 дар як тарафи дунё кам, дар дигар тарафаш зиёд шудааст

Дар Мексика ҳам теъдоди беморон ва талафот зиёдтар мешавад.

Бозкушоии тадриҷӣ дар Амрикову Аврупо ва ҷойҳои дигар ва коҳиши маргу мир аз бемории COVID-19 дар баъзе манотиқ умедвориҳоро бештар кардааст, ки марҳилаи бадтарини пандемия пушти сар шудааст. Айни замон Амрикои Лотинӣ ҳоло ба маркази сирояти босуръати беморӣ ва афзоиши талафоту теъдоди беморон табдил ёфтааст.

Рӯзи 26-уми май теъдоди фавтидагон дар Амрико ба 100 000 нафар наздик шуд. Дар ин кишвар тамоми 50 иёлат маҳдудият дар фаъолияҳои иқтисодӣ ва гаштугузорро камтар карданд. Дар умум дар саросари ҷаҳон тақрибан 5.6 миллион нафар мавриди сирояти бемории COVID-19 сабт шудааст ва ин беморӣ ҷони 350 ҳазор нафарро гирифтааст. Дар Аврупо ва Осиёи Шарқӣ, ки беморӣ қаблан зиёд буд, тамоюли коҳиш ба назар мерасад, аммо дар Амрикои Лотинӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Дар ин минтақа беморӣ ба 2 миллион 400 ҳазор нафар сироят кардааст ва 143 ҳазор нафар ҷон додаанд. Бразилия ҳоло аз назари теъдоди беморон баъд аз Амрико дар мақоми дуввум аст. Дар ин кишвар 391 000 нафар ба беморӣ гирифтор шудаанд ва бештар аз 24 500 нафар фавтидаанд. Хуруҷи беморӣ ҳамчунин дар Перу, Чили, Салвадор, Гватемала, Никарагуа ва Мексика суръат гирифтааст.

Қазоқҳои дар Муғулистон дармонда аз Тоқаев кӯмак хостанд

Қазоқистониҳои дармонда дар Муғулистон.

Чанд тан аз шаҳрвандони Қазоқистон, ки пеш аз паҳншавии коронавирус ба Муғулистон рафта ва ҳамакнун онҷо дармондаанд, аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев барои баргаштан ба ватанашон дархости кӯмак карданд.

Миёнаҳои моҳи март, баъди густариши COVID-19, мақомоти Қазоқистон парвозҳо ва гардиши автобусҳои байналхалқиро манъ карданд.

Яке аз шаҳрвандони дармонда дар Муғулистон дар муроҷиати видеоие ба Тоқаев мегӯяд, "ба далели коронавирус мо натавонистем, ба ватан баргардем. Наздикону пайвандони мо ин ҷо зиндагӣ мекунанд: касеро бародараш, каси дигарро фарзандонаш", - мегӯяд вай.

Оразай Галимбекулӣ, қазоқистонии дигари дармонда мегӯяд, дар Муғулистон наздики сад ҳамватани вай қарор доранд, ки натавонистаанд, ба Қазоқистон баргарданд.

Аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфтанд, дақиқан иттилоъ надоранд, ки чи теъдод аз шаҳрвандони кишвар дар Муғулистон дармондаанд. Як мақоми ин вазорат гуфт, айни ҳол бо намояндагони Муғулистон барои бозгардонии шаҳрвандон гуфтугӯҳо идома доранд.

Дар Муғулистон наздики 100 ҳазор қазоқтабор зиндагӣ мекунад.

Панҷоҳ зани дармонда аз Қирғизистон ба Узбекистон баргаштанд

Занони қирғизистонӣ, ки шавҳарони узбекистонӣ доранд.

Панҷоҳ зани қирғизистонӣ, ки бо шаҳрвандони Узбекистон издивоҷ кардаанд, ахиран ба хонаводаҳояшон дар Узбекистон пайвастанд. Дар ин бора рӯзи 26 май Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки 50 зан аз Узбекистон, ки барои дидорбинии волидонашон ба Қирғизистон омада буданд, ба далели ҷорӣ шудани карантин ва баста шудани марзҳо натавонистанд, дубора ба Узбекистон баргарданд.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҷониби Узбекистон рӯзи 23 май иҷозат дод, ки занҳо вориди кишвар шаванд. Худи ҳамон рӯз ҳамаи ин занҳо аз гузаргоҳи "Дӯстлик"-и шаҳри Ӯши Қирғизистон ба Узбекистон гузаштаанд.

Пештар занҳои дармонда ба мақомоти вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон муроҷиат карданд ва хоҳони ҳалли мушкилашон шуда буданд.

Вакили қирғиз бекорсозии манъи иҷораи шабонарӯзии манзилҳоро талаб кард

Манзилҳои зист дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон.

Жанар Акаев, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод дорад, ки манъи иҷораи шабонарӯзӣ ва соатии манзилҳо бекор карда шавад. Ин вакили порлумон тарҳи қонунеро таҳия ва ба кумитаи танзими ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва муқобила бо фасодкории порлумон пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи вай, ин мамнуъият ба тиҷорат дар соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида ва буҷа бештар аз 900 ҳазор долларро аз даст додааст.

"Дар тамоми дунё сайёҳон ҳангоми гардишгарӣ метавонанд, манзили зист ба иҷора гиранд, бисёриҳо намехоҳанд, дар меҳмонхона монанд. Дар кишвари мо ин имкониятро манъ карданд. Касоне, ки бо роҳҳои машруъ даромад мегирифтанд ва манзилҳояшонро барои сайёҳон ба иҷора медоданд, акнун наметавонанд, ин корро кунанд. Аммо ҳамчун фоҳишахона, ки манзури мо пешгирӣ аз он буд, ҳамоно манзилҳо ба иҷора дода мешаванд. Натиҷа ин аст, ки қонун кор накард. Ва маблағҳое, ки пештар аз соҳаи сайёҳӣ ворид мешуд, ҳамакнун ворид намешавад", - гуфт вакил.

Дар Қирғизистон ҷарима барои ба иҷора додани манзил, ҳамчун меҳмонхона, дар соли 2017 ҷорӣ шуда буд.

Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи марзиро дар алоҳидагӣ таҳқиқ мекунанд

Баъди низоъи рӯзи Иди Рамазон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони марзбонии ду кишвар гуфтугӯ ва таҳқиқи ҷудогонаи ҳодисаро шуруъ карданд. Дар ҳамин ҳол, ҳар ду кишвар фарзияи худро оид ба сар задани низоъ пешниҳод кардаанд.

Дар низоъи рӯзи 24-уми май аз силоҳ истифода шуд.

"Мулоқот 24-уми май баргузор шуд. Танҳо марзбонон гуфтугӯ карданд. Сабаби низоъ убури ҳайвонҳои хонагии Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон будааст. Марзбонони қирғиз рӯзи 23-юми май сокинони Тоҷикистонро огоҳ карданд, ки 200 сар гов марзи Қирғизистонро гузаштааст. Сарфи назар аз ин, онҳо рӯзи 24-уми май боз 60 сари дигарро ба ҳудуди Қирғизистон даровардаанд. Ба ҳамин хотир марзбонони қирғиз аз силоҳ истифода кардаанд ва баъди ин аз ду тараф тирпарронӣ шудааст", - гуфт Каланбой Маркаев, ҳокими ноҳияи Бодканди Қирғизистон.

Маркази матбуоти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ гуфт, муноқиша баъди он сар зад, ки "чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24-уми май дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзӣ даст заданд."

Ба иттилои манбаъ, сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя аз чӯпонҳо хостаанд, то ҳудуди деҳаро тарк кунанд. "Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳсӣ мушаххас мекунад, ба маҳалли ҳодиса нирӯҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд", - гуфта шудааст дар изҳороти Маркази матбуоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба расонаҳои он кишвар гуфтааст, аввал афроди номаълум аз ҳудуди Тоҷикистон ба сӯи марзбонҳои Қирғизистон тир кушодаанд: "Дертар, соати 11:40 байни сарҳадбонҳои Қирғизистону Тоҷикистон тирпаронӣ сурат гирифт. Аз тарафи Қирғизистон касе осеб надид."

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар муноқиша сарбози қаторӣ Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захм бардоштааст. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон инро "амали иғвоангезона" номида, "нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ" арзёбӣ намудааст.

Мақомот гуфтанд, чунин бархӯрд метавонад "вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон дар ин минтақаи ҳассос барангезад".

Ҳарду тараф эълон карданд, ки намояндагони идораҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карда, сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар тақрибан ду ҳафтаи охир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сурат мегирад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд. Дар Қирғизистон беш аз 1400 нафар ва дар Тоҷикистон беш аз 2700 нафар ба бемории нав гирифторанд.​

Шумораи қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 47 нафар расид

Табибони як беморхона дар шимоли Тоҷикистон гирифторони COVID-19-ро пас аз шифо ёфтан ба хона рухсат медиҳанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи севвум аст, ки аз коҳиши гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар кишвар хабар медиҳад. Ин ниҳод дар гузориши тозааш шоми 26-уми май навишт, дар шабонарӯзи гузашта 166 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси навро ба қайд гирифтааст. Дар ҳоле, ки то се рӯзи пеш ин рақам ҳамарӯза аз 200 нафар бештар буд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз рӯзи 30-юми апрел то имрӯз гирифтории 3266 нафар ба коронавирус дар кишвар собит шуда, 1417 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта як ҳолати нави марг аз ин бемориро сабт кардаанд ва дар умум теъдоди қурбониён COVID-19 ба 47 нафар расид.

Аммо шубҳаву гумонҳо дар бораи омори мақомот зиёд аст ва бархе мунтақидон мегӯянд, теъдодии воқеии қурбониён ва фавтидагон метавонад аз ин бештар бошад. Аз ҷумла, бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" 348 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Ҳафтаи ахир пизишкони бархе бемористонҳо якбора аз кам шудани сафи маризон ва холӣ шудани баъзе аз катҳои беморӣ хабар доданд. Вазорати тандурустӣ ҳам мегӯяд, дар рӯзҳои ахир муроҷиати беморон кам шудааст.

Аммо мутахассисон коҳиши муроҷиати сокинонро ба бемористонҳо ҳанӯз поёни бархӯрд бо коронавируси нав намедонанд. Онҳо мегӯянд, бахше аз мардум дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд, чун мақомот гуфта буданд, танҳо беморони вазъашон сангинро қабул мекунанду бас.

Сокинони Ишқобод пинҳонӣ ба хонаводаҳои зарардида кӯмак мерасонанд

Сокинони шаҳри Ишқободи Туркманистон барои хонаводаҳои вилояти Лебап, ки моҳе пеш аз шамоли сахт зиён диданд, пинҳонӣ кӯмак ирсол мекунанд. Аммо мақомот бо ҳар роҳе талош доранд, ки пеши роҳи ин кӯмакҳоро бигиранд.

"Сокинони Ишқобод пинҳонӣ, бо риояи эҳтиёткорӣ, ба таври худҷӯш кӯмак ҷамъоварӣ карда, тариқи қатора ба сокинони офатзадаи Туркманобод ирсол мекунанд", - гуфт як сокини Ишқобод.

Асосан ин кӯмакҳо аз либос, маводи ғизоӣ иборатанд.

"Мардум нисбат ба ҳукумат хайрхоҳтар аст, ки ҳамдигарро дар рӯзи вазнин танҳо нагузоштанд", - гуфт сокине, ки нахост номаш зикр шавад.

Ҳукумати Туркманистон бо гузашти як моҳ аз офати табиӣ ҳамоно рух додани онро пинҳон медорад. Шамоли сахт рӯзи 27-уми апрел дар вилоятҳои Лебап ва Марии Туркманистон харобӣ овард.

Дар мазорҳои Қазоқистон шумори қабрҳои тоза аз омори аз COVID-19 фавтидагон бештар аст

Мақомоти Алмато мегӯянд, 22 фавтида, ки дар мазори махсусе дафн шудаанд, қурбониёни COVID-19 ҳастанд.

Аммо расонаҳои он кишвар навиштанд, ки дар он мазор шумори қабрҳои тоза ба маротиб бештар аст.

Рӯзи 25-уми май теъдоди ин қабрҳо дар мазоре дар 50-километрии шаҳри Алмато ба 32 расида буд.

Вале мақомоти Қазоқистон мегӯянд, на ҳамаи дафншудаҳо дар қабристони мавриди назар қурбониёни COVID-19 ҳастанд.

Айжан Есмагамбетова, сарпизишки беҳдоштии Қазоқистон дар шарҳи кам будани маргу мири одамон аз вируси корона нисбат ба кишварҳои дигар гуфт, "ҳар кадом ҳолати фавт аз сӯи комисияи махсус санҷида мешавад, ки оё далели марг танҳо вируси корона буд, ё фавтида бемориҳои дигаре ҳам дошт".

СҶТ озмоиши як навъ дору барои табобати COVID-19-ро манъ кард

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) муваққатан озмоиши ҳабҳои гидроксихлорохин ва хлорохинро, ҳамчун доруҳои табобаткунандаи гирифторони вируси корона, манъ кард. Дар ин бора роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус хабар дод.

Вай гуфт, ин тасмим ба далели бехатарӣ рӯи даст гирифта шудааст. Чанде пеш маҷаллаи "Лансет" доир ба ин доруҳо пажуҳишеро нашр кард. Ба навиштаи маҷалла, доруҳои мазкур мумкин аст, хатари фавтро аз COVID-19 афзоиш диҳанд.

Олимон баъди таҳлили вазъи даҳҳо ҳазор гирифтори вируси корона дар қариб 700 беморхона дар саросари дунё ба хулоса омадаанд, ки гидроксихлорохин таъсири манфӣ ба бор меорад.

Дар ҳамин ҳол, СҶТ аз хатари мавҷи дувуми вируси корона ҳушдор медиҳад. Созмон аз кишварҳо даъват мекунад, ки дар бекор кардани чораҳои беҳдоштӣ ва маҳдудкунанда шитоб накунанд.

Ҳукумати Афғонистон 900 маҳбуси Толибонро раҳо мекунад

Зиндониёни Толибон аз маҳбасҳои ҳукумати Афғонистон раҳо шуданд.

Дар ҳоле, ки оташбаси серӯзаи Толибон вориди рӯзи ахири худ мешавад, ҳукумати Афғонистон дар назар дорад, ки рӯзи 26-уми май беш аз 900 зиндонии ин гурӯҳро озод кунад.

Ин оташбас аз рӯзи аввали Иди Фитр - 24 май ба ҳолати иҷро даромад ва ба гуфтаи мақомот, дар бештари манотиқи ин кишвар риоя шуд. Ҳукумат дар посух ба эълони оташбаси серӯзаи Толибон посух дод, ки дар назар дорад 2000 ҷангҷӯи ин гурӯҳро аз маҳбас раҳо мекунад.

"Тасмим аст, ки имрӯз 900 зиндонӣ озод шаванд",-гуфт сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҷовид Файсал рӯзи 26-уми май.

Агар имрӯз раҳоии 900 зиндонии Толибон сурат бигирад, ин бузургтарин шумораи маҳбусони гурӯҳи Толибон мебошад, ки аз зиндонҳои Афғонистон озод мешаванд. Рӯзи 25-уми май мақомоти Афғонистон 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон раҳо карданд. Ин маҳбусони Толибон аз зиндони Багром, воқеъ дар шимоли Кобул, раҳо шуданд.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҷовид Файсал афзуд, "ин иқдом ба хотири ҳусни ният ва дар посух ба эъломи оташбаси аз сӯи гурӯҳи Толибон сурат мегирад ва барои оғози ҳарчӣ зудтари гуфтугӯҳои мустақим бо ин гурӯҳи мусаллаҳ".

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Амрико ва Толибон созишномаеро, ки ҳадафи он поён додани ҳузури низомии дарозмуддати ИМА дар Афғонистон мебошад, имзо карданд. Бар асоси ин созишнома, нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун мешаванд ва Толибон ҳам замонат медиҳанд, ки аз хоки ин кишвар ба манофеи Амрико таҳдиде сурат намегирад.

Тибқи ин созиш, ҳукумати Афғонистон бояд 5000 зиндонии гурӯҳи Толибонро раҳо кунад ва Толибон ҳам 1000 боздоштшудаи ҳукуматро озод намоянд.

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, то кунун Толибон 265 зиндонии ҷониби ҳукуматро раҳо кардаанд, ки ба гуфтаи ин Шӯро дар миёни онҳо низомиён, кормандони идораҳои давлатӣ ва мардуми оддӣ ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки ҳукуматаш ба ҳадафи поён додани ҷанги наздик ба бистсола, омода аст бо Толибон сари мизи гуфтугӯ биншинад.

Мақомот гуфтанд, ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшударо аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд

Як гуруҳи муҳоҷирон ҳафтаи гузашта тариқи ҳавопаймои Тоҷик Эйр ба Душанбе омаданд

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳамаи шаҳрвандони кишварро аз марказҳои нигоҳдории муваққатии Русия ба ватан бармегардонанд. Ин гуруҳи муҳоҷирон асосан афроде ҳастанд, ки қарори додгоҳ барои ихроҷашон аз Русия содир шуда, аммо бо сабаби қатъи парвозҳо натавонистанд ба ватан бозгарданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 25-уми май бо нашри як иттилоия гуфт, бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дармондаанд, бар асоси як нақша сурат мегирад.

Ба иттилои Сафорат, дар навбати аввал шаҳрвандоне ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, ки дар марказҳои муваққатии Русия ҳастанд. "Тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд,"-навиштааст Сафорат.

Мақомот гуфтанд, масъалаи баргардондани шаҳрвандони дигари Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ аст. Ба гуфтаи мақомот, бозгардонии шаҳрвандони дармонда аз Русия бештар ба фароҳам будани ҷой барои карантини онҳо дар Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Дар ҳафтаи ахир мақомот бо ду парвози вижа даҳҳо шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон ба ватан оварданд. Ин тасмими мақомот дар пайи нигаронии ҷиддии ин гуруҳи муҳоҷирон аз вазъи тоқатфарсои худ дар боздоштгоҳҳо сурат гирифт.

Мақомот мегӯянд, бар асоси як нақша шаҳрвандони дармондаи тоҷикро аз дигар кишварҳои хориҷӣ ба ватан бармегардонанд.

Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Баъд аз қатъи парвозҳо то ин вақт танҳо чанд парвози махсус барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқоли кумакҳои башардӯстона ба кишвар анҷом шудааст.

Оташбаси Толибон дар пасманзари омодагиҳои Кобул барои озод кардани ҷангҷӯён

Оташбаси гуруҳи даҳшатафкани Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар пасманзари омодагиҳои Кобул барои озод кардани ҳудуди 2 ҳазор ҷангҷӯи гуруҳ аз зиндон рӯзи севум аст, ки ҳифз мешавад.

Толибон бахшида ба Иди Рамазон дар Афғонистон аз 24-уми май оташбаси чаҳоррӯза эълом кардааст. Ҳукумати Афғонистон аз ин иқдоми гуруҳ истиқбол карда, дар бораи нақшаи раҳоии ҷангҷӯён хабар дод.

Толибон ва ИМА моҳи феврал созишномаеро имзо карданд, ки ба қатъи даргириҳои чандинсола дар Афғонистон равона шудааст. Он бурунрафти нерӯҳои Амрикоро аз Афғонистон бар ивази қатъи ҳамлаҳои гуруҳ пешбинӣ мекунад. Дар он ҳамчунин омадааст, ки ҳукумати Афғонистон ҳудуди 5 ҳазор толибро ва гуруҳ ҳудуди ҳазор нафарро озод хоҳанд кард. Ин иқдомҳо оғози гуфтугӯи дохилии афғонӣ хоҳанд буд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ эълом кард, ки ҳукуматаш барои гуфтугӯ бо Толибон омода аст.

Тоқаев тағйирот ба қонуни интихобот ва ҳизбҳои сиёсиро имзо кард

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 25-уми май тағйирот ва иловаҳоро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот имзо кард. Тағйирот кам кардани шумори ҳатмии аъзоро барои сабти ҳизби сиёсӣ - аз 40 то 20 ҳазор - пешбинӣ мекунад.

Ба ҷуз ин, дар рӯйхати интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ барои занон ва ҷавонон квота ҷорӣ мешавад. Бино ба тағйироти қабулшуда, ҳамакнун на камтар аз 30 дарсади номзадҳои ҳизбҳоро бояд ҷавонон ва занон ташкил диҳанд.

Коршиносон ва фаъолони маданӣ ин тағйиротро зоҳирӣ унвон карданд. Ба гуфтаи онҳо, тағйироти мазкур моҳияти масъаларо иваз намекунад ва маҳдудиятҳои мавҷуда боқӣ хоҳанд монд. Аммо мақомот мегӯянд, тағйирот тартиби сабти номи ҳизбҳои сиёсиро осон ва барои ҷалби занону ҷавонон ба фаъолиятҳои сиёсӣ мусоидат мекунад. Ба бовари мунаққидон, ин тағйирот ҳамоно имкон намедиҳад, ки номзадҳои мустақил вориди порлумон шаванд.

Дар Қазоқистон расман 6 ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Аз ин теъдод се ҳизб шомили порлумон аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG