Мансабдорони афғон мегӯянд, дар назди фурӯдгоҳи Кобул бомбгузори маргталаб мошини саршор аз маводи таркандаро ба тарафи корвони паймони Нато равона намуда, камаш даҳ нафарро маҷрӯҳ кард. Нерӯҳои кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF), ки таҳти назорати паймони Нато қарор доранд, изҳор намуданд, бар асари таркиш касе аз сарбозон ҷароҳат набардошааст. Дар ин ҳодиса асосан мардуми мулкии савори як миниавтобус захм бардоштаанд.
Ҳамла дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки дар Кобул вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс барномаи мулоқот бо президенти афғон Ҳомиди Карзай ва дигар мақомоти баландпояи Афғонистонро ба нақша гирифтааст.