Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот дар Тифлис


Рӯзи чаҳорум аст, мухолифони президенти Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ, дар маркази Тифлис гирдиҳам меоянд ва истеъфои ӯ талаб мекунанд. Ширкати даҳҳо ҳазор нафар ин тазоҳуротро ба бузургтарин намоиши зидди ҳукумат дар давраи баъд аз аз инқилоби садбаргӣ табдил додааст. Он инқилоб, чаҳор сол пеш, Саакашвилиро ба қудрат расонда буд. Вай дар посух ба эътирозгарон, рӯзи якшанбе талаби интихоботи зудҳангоми порлумонӣ ва президентиро рад кард ва гуфт, интихобот дар тирамоҳи соли 2008 баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG