Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Босния ба истеъфо рафт


Имрӯз сарвазири Босния Никола Спирич ба нишони эътироз аз тағйироти маъмурӣ дар ин кишвар ба истеъфо рафт. Моҳи гузашта фиристодаи СММ дар Босния Мирослав Лайчак як силсила навовариҳоро муаррифӣ намуд, ки мақсад аз он беҳбуди фаъолияти ҳукумати марказӣ ва парламенти ин кишвар мебошад. Тағйирот сербҳои Боснияро ба ғазаб овард. Онҳо мегӯянд, ки ин чораҳо нуфузи сербҳо дар ниҳодҳои марказии Боснияро аз байн мебарад.

XS
SM
MD
LG