Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як тоҷик дар хонаи Маша Распутина


Ба гузориши чандин хабаргузорӣ ва нашрияҳои электронии Русия, дар хонаи овозхони саршиноси Русия Маша Распутина ҷасади як тоҷики 28-сола кашф шудааст. Мақомоти интизомӣ ин хабарро тасдиқ кардаанд, вале сабаби ҳалокати муҳоҷири тоҷикро шарҳ намедиҳанд. Гуфта мешавад, ин ҷавонмарди тоҷик шояд худкушӣ кардааст.


Ҳалокати муҳоҷири тоҷик, ки дар сохтани хонаи нави буруншаҳрии овозхони рус кор мекард, дар ҳоле ба амал омадааст, ки Маша Распутина бо аҳли оилааш барои истироҳат ба осоишгоҳи дуре сафар карда буд.


Ба як фарзия, ҷавони тоҷик гӯиё ба сабаби он ки маҳбубашро дар Тоҷикистон ба каси дигар доданӣ шудаанд, худро нафасбанд кардааст, вале ба иттилои дигар, як рӯз пеш аз маргаш вай музди кори худро гирифта буд ва мумкин аст ӯро ғорат карда бошанд.


Дар ҳамин ҳол М. Распутина тасмим гирифтааст, харҷи интиқоли ҷасади ин ҷавонро ба Тоҷикистон пардохт кунад. Тибқи як хабари дигар рӯзи шанбеи 15-уми сентябр бо кумаки ҷавононии созмони "Местние" зиёда аз 40 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки гуфта мешавад, иҷозаи иқомат дар Маскавро надоштанд.
XS
SM
MD
LG