Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби шеъри Гулрухсор дар Маскав


рш

Барои нахустин бор аст, ки бо кӯшишу эҳтимоми ҷамъияти тоҷикони муқими Маскав шаби шеъри шоираи тавонои мардуми форсизабон Гулрухсор дар ин шаҳр баргузор гардид.


Абдуллоҳи Давлат, як пизишки тоҷики машғули кор дар Маскав ва яке аз ташкилкунандагони ин шаби шеър, далели аслии баргузории ин маҷлисро чунин тавзеҳ дод: «Дар бораи миллат зиёд гуфтаанд, лекин чун Гулрухсор на ҳар кас метавонад дар бораи миллат ҳарфи самимиву муассир бигӯяд. Барои ыамин фикр кардам ки мо Вақте ки ман бо худи Гулрухсор телефонӣ суҳбат кардам ва гуфтам, ки чунин нийят дорам, вай ба ман посух дод, ки, агар ин кори шумо ба хотири фарҳанг ва миллат бошад, ман ҳатман меоям. Дигар ин, ки мақсади мо матраҳ кардани миллати вафарҳанги мо мебошад, то мардуми Маскав хубтар донанд, ки мо, тоҷикон, аслан миллати соҳибфарҳангу суханофарин ҳастем».


Дар ин шаби шеър шоираи маҳбуби тоҷикон ба ҳаводорони бешумори шеъри худ, ки ба ин маҳфили шеъру сухан омада буданд ва дар байни онҳо Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ҳам буд, аз шеърҳои худ дар мавзӯъи ҷанг, оворагӣ ва нокомиҳои давлатмардони тоҷик қироат кард.


Расули Шодон, Маскав.
XS
SM
MD
LG