Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани боз як тоҷикистонӣ дар Маскав


Шоми 14-уми июл дар Маскав, пойтахти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, ду нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.


Як нафар корманди мақомоти ҳиҳзи ҳуқуқи Маскав ба ожонсии иттилоъотии «Новости»-и Русия гуфтааст, ки аз тарафи се шахси номаълум дар назди хонаи шумораи 28-и кӯчаи Рябинова ба се шаҳрванди Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Дар натиҷаи аз зарбаҳои корди муҳоҷимин як нафар тоҷикистонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафар ҳамроҳони ӯ дар ҳолати вазнин ба бемористони наздиктарин интиқол гардиданд.


Чунонки як нафар аз муфаттишон хабар дод, дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҷиноят аз тарафи додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунон ҷиҳати пайдо кардани ҷинояткорон аз ҷониби мақомоти зирабт чораҳои фаврӣ андешида шудааст.


Гуфта мешавад, ин се нафар аз мардикорони тоҷик будаанд, ки дар ин шаҳр таййи соли ахир кор мекардаанд.
XS
SM
MD
LG