Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҳудуди се тонна мухаддирот дар Тоҷикистон


Мақомот мегӯянд, ки сар аз соли равон то кунун дар Тоҷикистон беш аз 2 тоннаву 800 кило маводи мухаддирро кашфу забт кардаанд, ки 17 дар сад бештар аз соли гузашта аст.


Тоҷикистон, яке аз кишварҳои аслии транзити маводи мухаддири афғонӣ аст ва Рустам Назаров, раиси Оҷонси мубориза бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистонро наметавон бо роҳи ҷазо додан аз байн бурд.


Вай афзуд, ки барои аз байн бурдани кишту қочоқи маводи мухаддир бояд аввал мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии Афғонистонро ҳал бояд кард.
XS
SM
MD
LG