Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акнун Тони Блэр ба чи кор машғул хоҳад шуд?


Имрӯз Тони Блэр маснади сарвазирии Бритониёро, ки тӯли даҳ соли ахир онро бар уҳда дошт, инак тарк мекунад.


Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Тони Блэр шояд дар мақоми намояндаи вижаи чаҳоргона оид ба буҳрони Ховари миёна пазируфта шавад. Ба чаҳоргона ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо, СММ, Русия ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико шомиланд.


Дар ҳамин ҳол, Вошингтон аз номзадии Тони Блэр дар ин мақом пуштибонӣ мекунад. Вале Маскав ҳанӯз дар ин мавзӯъ назари худро иброз накардааст.


Малика Элизаветта ахиран изҳор дошт, ки Тони Блэрро дар маснади сарвазири Бритониё Гордон Браун, собиқ вазири молияи кишвар, иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG