Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ ба тарафдории Малолай


Имрӯз тақрибан 200 эътирозгар, аз ҷумла занон, дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон гирдиҳамоӣ доир намуда, талаб карданд, ки вакили мардумӣ хонум Ҷӯё Малолай дар мақомаш барқарор шавад.


21 май вакилони Маҷлиси Қонунгузори Афғонистон ваколати хонум Малолайро мутаваққиф намуда буданд.


Имрӯз ҳам эътирозгарон дар шаҳри шарқии Ҷалолобод гуфтанд, ки фақат раъйдиҳандагони ноҳияи Фараҳ ҳақ доранд, Малолайро аз мақоми вакили мардумӣ маҳрум намоянд.
XS
SM
MD
LG