Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Туркия хоҳони интихоби мардумии раисҷумҳур шуд


Порлумони Туркия ислоҳе дар Қонуни асосии ин кишварро тасвиб кард, ки бар асоси он раиси ҷумҳури Туркияро дигар на вакилони порлумон, балки мардум интихоб мекунад.


Ин ислоҳ бахше аз лоиҳаи ислоҳотест, ки Ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсиаи Туркия барои поён додан ба бӯҳрони интихоби раиси ҷумҳур пешниҳод карда буд.


Аммо акнун қонун доир ба ислоҳи Қонуни асосии Туркияро бояд раиси ҷумҳур Аҳмад Неждет Сезер имзо кунад. Вале ӯ, ки тарафдори арзишҳои дунявист, гуфтааст, мумкин аст, ин ислоҳоти пешниҳодиро напазирад.
XS
SM
MD
LG