Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмон бо Хоманаӣ ва Аҳмадинажод


Раҳбари олии рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳангоми дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои форсизабон даъват кард, ба хотири нишон додани тавоноии худ ҳамкориҳои худро тақвият бахшанд.


Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки рушди Эрон як мояи ифтихор барои миллати тоҷик аст.


Пештар аз ин раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳарду кишвар аз имконоти зиёде барои ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, роҳсозӣ, санъату тиҷорат ва фарҳанг бархурдор ҳастанд.


Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон сафари серӯзаи расмӣ анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG