Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои суқуткарда пайдо гардид


Мақомоти Камерун хабар медиҳанд, ки пораҳои ҳавопаймои мусофирбари Кенияро пайдо карданд, ки рӯзи шанбе бо 114 нафар мусофирону халабонҳояш суқут карда буд.


Лошаҳои ҳавопаймои Боинг 737 дар ҷангале 10 километр дуртар аз шаҳри Доюала, пойтахти тиҷоратии Камерун, пайдо шудаанд.


Маълум нест, ки касе дар ин фоҷиа зинда мондааст ва ё на.


Ҳавопаймои мусофирбари кениёӣ ҳангоми идомаи парвоз аз шаҳри Абидҷони Кот Дивуар ба сӯи Найробӣ сарнагун шуда буд, вале бино бар ҳавои номусоид дар ду рӯзи гузашта корҳои ҷустутҷӯӣ натавонистааст сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG