Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нақли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон


Ширкати «Барқи тоҷик» эълом доштааст, ки содироти барқ ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон - Афғонистонро панҷоҳ дарсад афзоиш додааст.




Ин ширкат мегӯяд, бар асоси созишномаи байнидавлатӣ бо ин кишвари ҳамсоя Тоҷикистон бояд ҳар моҳ ба Афғонистон ҳудуди 200 ҳазор киловатт соат барқ содир кунад, аммо бо иллати ба маротиб коҳиш ёфтани тавлиди нирӯи барқ дар нирӯгоҳҳои кишвар дар чаҳор моҳи ахир танҳо 25 дарсад ё 50 ҳазор киловатт соат дар моҳ ба ин кишвар содир мекардааст.




Вале ба гуфтаи «Барқи тоҷик» дар шароити феълӣ аз нигоҳи фаннӣ имкон надорад, ки бештар аз 100 ҳазор киловатт соат барқ моҳона ба Афғонистон содир кунад. Ва аммо ин дар ҳолест, ки пас аз якуним моҳи комилан мутаваққиф сохтани интиқоли нирӯи барқ ба сокинони манотиқ, ба вижа деҳоти кишвар дар ин чанд рӯзи ахир интиқоли барқ ба манозили сокинон бар тибқи меъёри панҷ соат дар шабонарӯз шурӯъ шудааст.






Дар ҳамин ҳол ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, нирӯи барқ ба марокизи шаҳрҳо ва навоҳии кишвар ба таври пурра интиқол мешавад. Зеро пас аз боришоти зиёди ҳафтаи гузашта ва гармшавии ҳаво тавлиди нирӯи барқ низ дар нирӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин ин ширкат ваъда додааст, ки дар интиҳои моҳи апрел меъёри интиқоли барқ ба деҳоти кишварро низ лағв мекунад ва содироти он ба кишвари ҳамсояи Афғонистонро бар тибқи ҳаҷми комили созишнома ба роҳ мемонад.


Барот Юсуфӣ, радиои «Озодӣ», Душанбе
XS
SM
MD
LG