Додстонии кулли Ӯзбакистон таҳқиқи парвандаи ҷиноиро алайҳи хабарнигоре шурӯъ кард, ки барои шабакаи олмонии Дойче Велле кор мекунад. Сӯҳроб Исмоилов, вакили хабарнигор гуфт, ки Наталя Бушуева барои фаъолияти бидуни муҷаввизи Вазорати хориҷаи кишвар ва напардохтани молиёт муттаҳам мешавад. Исмоилов гуфт, ки вай метавонад то се сол равонаи зиндон шавад. Модари Бушуева мегӯяд, ки ду рӯз аст духтари худро надидааст. Элза Видал аз созмони "Хабарнигорони бидуни марз", мақарраш дар Париж дар сӯҳбат ба бахши ӯзбакии радиои Озодӣ гуфт, ки қазияи Бушуева далели он аст, ки вазъи озодии баён дар Ӯзбакистон рӯз то рӯз бадтар мешавад.