Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон


Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки фаъолони ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон пайваста мавриди таъқиби мақомот қарор мегиранд.


Дар гузориши тозаи Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи инсони Ҳелсинкӣ омада, ки фаъолони ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистонро боздошту шиканҷа мекунанд, бо онҳо бадрафторӣ сурат мегирад ва ҳамчунин онҳоро беобрӯ мекунанд.


Ин созмони ҳомии ҳуқуқ аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ба шарте таҳримоташ ба зидди Ӯзбакистонро лағв кунад, ки ин кишвар барои хотима додан ба таъқибу фишор ба фаъолони ҳуқуқи инсон иқдомоти мушаххас рӯи даст бигирад.


Иттиҳодияи Аврупо соли 2005-ум пас аз ошӯбҳои хунини Андиҷон ба зидди Ӯзбакистон таҳримоти маҳдуде эъмол кард.
XS
SM
MD
LG