Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иронро дар мавриди бунёди ниругоҳи "Сантӯда-2" ба тасвиб расонд. Қаблан миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар қарордод ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида ва ҷавониб ҳама шароити ҳуқуқии ҳамкориро дар ин замина мушаххас карда буданд.
Асомиддин Сайидов-раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури равобити байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гуфт Ирон тақозо кардааст,ки куллия асноди ҳамкорӣ дар ин заминаро бояд парламенти Тоҷикистон низ таъйид кунад.
Дар асоси қарордодҳои ба имзорасида Тоҷикистон муваззаф аст, ки баробар бо шурӯи корҳои сохтмонӣ чиҳил миллион доллари ҳиссаи худро ба ширкати иҷрокунанда пардохт кунад.
Дар асоси тавофуқоти ҳосила ҳамагуна маҳсулот ва ашёи воридотӣ барои ниругоҳи "Сангтӯда-2" аз пардохти куллия анвоъи молиёт маъоф шуда баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ниругоҳ низ дар муддати дувоздаҳуним сол ин шароит нигаҳ дошта мешавад.
Бар илова дар ёддошти тафоҳуми миёни Тоҷикистон ва Ирон таъкид шудааст, ки180 миллион доллари Ирон ба сифати сармоягузории даҳсола бо баҳраи панҷфоиз дар як сол пешбинӣ мешавад.
Аммо дар мавриди шароити хариду фурӯши нируи барқи ин ниругоҳ оқои Сайидов гуфт, ки баробар бо ба истифода додани «Сангтӯда-2» ширкати иронӣ ин масъаларо дар ихтиёри ширкати «Барқи тоҷик» вогузор хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ-вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шароитҳои ҳуқуқии асноди ба имзорасида миёни Тоҷикистон ва Иронро дар мавриди «Сангтуда-2» боаҳамият ва муфид хонд.
Ниругоҳи «Сангтӯда-2» бо қиммати 220 миллион доллар дар рудхонаи Вахш, дар ҳабдаҳкилометрии ниругоҳи Норак, дар ҷануби Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Иртифоъи садди ин ниругоҳ 31 метр буда тавонмандии тавлидотии он дар як шабонарӯз беш аз панҷ миллион киловат соат мебошад. Тоҷикистон дар эҳдоси ин ниругоҳ чиҳил миллион доллар ва Ирон 180 миллиони дигар сармоягузорӣ хоҳанд кард.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе