Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои муҳоҷирон квота муқаррар мекунад


фн

Сар аз соли оянда Русия ба муҳоҷирони корӣ аз чанд кишварҳои собиқ Шӯравӣ квота муқаррар мекунад.


Думаи давлатии Русия имрӯз чанд тағийру иловаи қонуни муҳоҷирати кишварро тасвиб намуд. Тибқи иловаҳо, Маскав аз кишварҳое, ки бо Русия режими равуои бе раводид, яъне иҷозати рафтуомади бидуни виза доранд, дар маҷмӯъ ба шаш миллион муҳоҷир иҷозати буду бош ва кор дар Русияро медиҳад.


Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин кишварҳо мебошад. Муҳоҷирони корӣ аз рӯи касбу ихтисос ва меъёрҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба кор гирифта мешаванд. Онҳо вобаста ба ниёзи минтақаҳои Русия ба нирӯи корӣ ба вилоятҳои гуногуни ин кишвар фиристода мешаванд.


Ҷузъиёти ин масъала ҳанӯз зиёд рӯшан нест. Масалан, маълум нест, ки квотаи ҳар яке аз ин кишварҳо чӣ қадар хоҳад буд.


Дар ҳоле, ки Русия аз ҳамаи кишварҳои дорои равуои бидуни раводид дар маҷмӯъ шаш миллион муҳоҷир қабул мекунад, шумори танҳо муҳоҷирони Тоҷикистонӣ, тибқи рақамҳои ғайрирасмӣ ҳоло ҳудуди як миллион аст.
XS
SM
MD
LG