Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пйер Ҷумайилро дар Бейрут дафн мекунанд


Қарор аст имрӯз маросими дафни Пйер Ҷумайил вазири саноат ва сиёсатмадори насронии Лубнон дар пойтахт шаҳри Бейрут баргузор шавад ва раҳбарони зидди Сурия дар ин кишвар аз мардуми зиёде хостаанд, ки дар маросими дафн ширкат кунанд.


Рӯзи чаҳоршанбе раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш қавл дод, ки аз миллати Лубнон дар муқобили ончӣ ки вай "таҷовузи Сурия ва Ирон" номид, ҳимоят мекунад. Мақомоти Сурия мегӯянд, ки дар қатли Пйер Ҷумайил даст надоранд.


Пйер Ҷумайил рӯзи сешанбе 21 ноябр ҳангоми ҳаракати мошинаш дар шаҳри Бейрут мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва дар шифохона ҷон дод. Вай аз аъзои мухолифи Сурияи порлумони Лубнон буд ва панҷумин сиёсатмадори зидди Сурия аст, ки дар зарфи ду соли ахир кушта мешавад.


Ва дигар ин ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дархости Лубнон барои кӯмак дар таҳқиқи қазияи қатли Пйер Ҷумайилро пазируфтааст. Шӯрои Амният иҷоза додааст, то Кумиссиёни Созмони Милал, ки ба таҳқиқи қазияи қатли Рафиқ Ҳарирӣ нахуствазири собиқи Лубнон машғул аст, барои ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони Пйер Ҷумайил ба мақомоти Лубнон кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG