Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 000 сомонӣ барои интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон. Аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон


Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ниҳоии Қонуни буҷаи кишвар барои соли 2007 мелодиро барои тасвиб ба иҷлосияи порлумон пешниҳод кард. Дар ҷаласаи рӯзи душанбеи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасии ниҳоии пешнависи ин қонун бо ширкати вазирони молия, оидот ва пардохтҳо ва иқтисоду савдо баргузор шуд. Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар ниҳоят баъди баррасӣ ва пешниҳодоти кумитаҳои маҷлис ва такмили қонун, як тарҳи буҷаи 3 миллиарду 195 миллон сомонӣ барои тасдиқ ба иҷлоси порлумон пешниҳод шуд.


Ӯ гуфт, буҷаи соли оянда барои нигаҳдории ҳайати маъмурони давлатӣ ва ҳамчунин барои тармиму таъмири бино ва сохтмони вазорату идораҳо ва харидории васоили нақлия ба таври чашмрас коҳиш дода шудааст. Аммо, гуфт оғои Наҷмиддинов, дар буҷаи соли равон як асли хос барои идомаи сохтмони Роғун пешбинӣ гаштааст. Аммо аз зикри рақами мушаххаси буҷаи Роғун дар қонуни буҷа худдорӣ кард. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як моҳи пеш эълон карда буд, ҳукумати Тоҷикистон аз оғози соли 2007 ба сохтмони Роғун тавассути имконоти худаш оғоз мекунад.


Аммо Шодӣ Шабдолов, вакили маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) пешниҳод кард, ки барои тармиму таҷдиди шабакаи обрасонии Душанбе, дар буҷаи давлатӣ асли хосе пешбинӣ шавад. Аммо ин пешниҳоди намояндаи ҲКТ ба далели он ки то кунун барномаҳои байналмилалӣ ба ин шабака дар Душанбе сармоягузорӣ карда ва ҳамчунин ин барнома идома дорад, рад шуд.


Аммо барои аввалин бор дар буҷаи Тоҷикистон 150 ҳазор сомонӣ барои интиқоли ҷасади фавтидагон аз кишварҳои муштаракулманофеъ, хоса Русия пешбинӣ шудааст. Вале бархе вакилон пешниҳод доданд, ки ин маврид дар қонун мушаххастар зикр шавад, то ин маблағро масъулин натавонанд ғайри мақсад истифода кунанд. Ин пешниҳод низ қабул нашуд. Ва 150 ҳазор сомонӣ бо салоҳдиди вазорати кор масраф хоҳад гашт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG