Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои ҳастаии Эронро имрӯз дар Лондон баҳс мекунанд


Шоми имрӯз, 6 октябр вузарои хориҷаи 6 қудрати муҳими ҷаҳонӣ - 5 кишвари узви доимии ША бо изофаи Олмон – дар Лондон ба баррасии роҳҳои ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон хоҳанд пардохт. Сухангӯи вазорати хориҷаи Бритониё ба Ройтерс гуфтааст, дар ин мулоқот иқдомоти баъдӣ дар қиболи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон баҳс хоҳанд шуд. Амрикову Русия, Чину Фаронса ва Бритониёву Олмон дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш ба Эрон як силсила имтиёзоти моливу фаннӣ пешниҳод карда гуфтаанд, дар ғайри сурати пазируфтани тақозоҳои байналмилалӣ Эрон бо эҳтимоли таҳримоти байналмилалӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ва аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз гуфт, ки Маскав мухолифи корбурди таҳримот алайҳи Эрон боқӣ мемонад.

Рӯзи чоршанбе раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана гуфт, бо вуҷуди 4 моҳи музокироти пайваста Эронро ба қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш натавонистааст мутақоид созад. Хавйер Солана аммо дирӯз дар Рум гуфт, бо ин вуҷуд музокира бо Эрон бояд идома ёбад: "Фурсат барои музокирот, албатта, бепоён нест, вале мо то охир дар ин амр талош хоҳем кард. Бояд бигӯям, ки ба назари ман, ҳатто мо агар феълан ноком шуда бошем ҳам, мо бояд дарҳоро барои идомаи гуфтугӯ бо Эрон боз бигузорем."

Теҳрон гуфтааст, ки ҳатто таҳдиди таҳримоти байналмилалӣ наметавонад Эронро аз идомаи фаъолиятҳои ғанисозиаш манъ кунад, вале хостори аз роҳи музокирот ҳалл шудани ин қазия аст.
XS
SM
MD
LG