Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори муҳоҷир-Саргузашти муҳоҷире, ки ҷинсашро дигар кард. ВИДЕО


Малика мегӯяд, аз аввал ҳис мекард, ки руҳан духтар аст
Малика мегӯяд, аз аввал ҳис мекард, ки руҳан духтар аст

Тағйири ҷинс ва дар умум баҳси дуҷинсаҳо дар Тоҷикистон баҳсбарангез аст ва бисёр кам мешавад, ки дар бораи он ошкоро суҳбат кунанд. Аксарият аз сухан кардан дар масъалаи баҳсбарангез парҳез менамоянд, гурӯҳе шарм медоранд ва теъдоде ҳам хомӯширо ихтиёр мекунанд. Аз ин рӯ писарон, ё духтароне, ки ба гуфтаи худашон дар ҷисми дигар ба дунё омадаанд, дар ҷомеа ранҷу азият мешаванд.

Меҳмони “Рӯзгори муҳоҷир”, ки худро Малика ном мебарад мегӯяд, аз замоне ки худро ёд дорад, ҳис мекард ки дар бадани бегона зиндагӣ мекунад. Яъне писар ба дунё омадааст, аммо бо ботину хислату рафтори духтарона. Малика дигар натавонист, ки чунин зиндагиро идома диҳад, барои ҳамин дар Русия ҷарроҳӣ кард ва ҷинсашро тағйир дод. Худаш дар суҳбат бо мо ҷузъиёти зиндагиашро нақл карду ранҷу сахтиҳоеро ҳам, ки дар Русия кашидааст.

БАРНОМАРО ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:

"Садоямро тағйир надодам, то модарам бишносад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:32 0:00

Дар як гузориши тозае барои Созмони Милал, созмони ҳомии ҳуқуқи Мемориал, гуфтааст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳамагуна табдили ҷинс, ҳатто аз рӯи заруратро ба сахтӣ мепазирад. Бо вуҷуди ин дар бемористонҳои кишвар солона як ё ду амалиёти тағйири ҷинсро бо дархости муштариён пинҳонӣ анҷом медиҳанд ва маъмулан номи онҳое, ки ҷинсашон иваз мешавад, пинҳон мемонад.

Ба гуфтаи Мемориал, маъмурони милиса аксаран бо ин афрод бадрафторӣ мекунанд, азоб медиҳанд ва бо зӯру таҳдид онҳоро ба ҳамкорӣ маҷбур мекунанд. Малика умедвор аст, ки атрофиён агарчӣ роҳи интихобкардаи ӯро қабул надоранд, аммо "радди маърака" ва таънаву маломаташ намекунанд ва имкон медиҳанд, мисли ҳама зиндагӣ кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG