Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҷаллаи навбатии "Як рӯз бо Шумо" хабарнигори Радиои Озодӣ масъалаеро баррасӣ мекунад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон аз он зиёд хушашон намеояд. Ҳарчанд ин амал дар баъзе кишварҳои Ғарб қабул ва расман эътироф мешавад.

Дар барномаи имрӯз ман мехоҳам бо шумо дар мавзӯе сӯҳбат кунам, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз пӯшида маҳсуб мешавад. Агарчи аксарият аз сухан кардан дар мавриди ин мавзӯи баҳсбарангез парҳез мекунанд, теъдоде шарм медоранд, теъдоде, ҳам хомӯширо дар ин маврид ихтиёр мекунанд.

Ахиран ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе нафаре муроҷиат кард, ки мехост ошкоро дар мавриди зиндагии худ ҳарф занад ва ошкор гӯяд, ки ӯ марбут ба аққалиятҳои ҷинсист. Ин ҷавони 32-сола худро Комил муаррифӣ кард ва гуфт, ҳанӯз 25 сол пеш дарк карда буд, ки аз дигар ҳамсолони худ фарқ дорад.

Яъне ӯ аз ҳамон даврон бештар бо духтарон дӯстӣ дошта, завқаш ҳам мисли онҳо будааст. Тавре ин ҷавон мегӯяд, тайи ин солҳо ӯ зиндагии пасипардагӣ дошт, вале ҳоло мехоҳад роҷеъ ба мушкилот ва бархӯрди ҷомеа нисбати ӯву афроди мисли ӯ садо баланд кунад.


Комил дар ҳоле аз бархӯрди бади пайвандон ва ҷомеа дар нисбати худ ва ҳамтоёнаш шикоят мекунад, ки қонунҳои Тоҷикистон робитаи наздики мард бо мард ва ё зан бо занро манъ накардааст. Дақиқтараш, ҳукумати Шӯравӣ ҳамҷинсгароиро маҳкум ва барои он муҷозот пешбинӣ карда буд. Аммо соли 1998 Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ банди марбут ба муҷозоти ақалиятҳои ҷинсиро лағв кард. Вале бо ин ҳол, муносибат ва бархӯрди ҷомеа бо ин гурӯҳи одамон тағйир наёфта ва то ҳол намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвар шахсияти худро ошкор намекунанд. Онҳо ҳарос доранд, ки мавриди таҳқиру масхара қарор гирифта, ба истилоҳи мардуми «радди маърака» мешаванд.

ВИДЕОИ СӮҲБАТ БО КОМИЛ ИНҶОСТ:



Фозил, марди дигаре, ки розӣ шуд бо тағйири исмаш дар бораи худ сӯҳбат кунад, мегӯяд, ҳоло 63 сол дорад ва соҳиби зану фарзанду наберагон аст, аммо то ба ҳол натавонистааст дидгоҳашро дигар кунад. Тавре ин мард мегӯяд, ӯ то ҳадди аксар кӯшиш мекунад, ки пайвандонаш аз сирри ӯ огаҳ нашаванд ва ба обрӯи онҳо латма назанад.

Бо вуҷуди он, аз назари умумӣ қонунгузории Тоҷикистонро дар мавриди ҳамҷинсгароӣ метавон таҳаммулпазир ва мутобиқ ба талаботи ҷомеаи демократӣ унвон кард, вале бархӯрди ҷомеаи суннатӣ ва аксаран мусалмони кишвар ба ин падида чандон соддаву осон нест ва ҳамҷинсгароиву ҳамҷинсгароёнро дар ин ҷомеа бисёриҳо аслан қабул надоранд.

Вале гоҳе ҳам ба назар мерасад, ки мардум то як андоза дар нисбати ҳамҷинсгароён муносибати бетарафиро ихтиёр мекунанд ва табвагӯён даст ба сӯи гиребон мебаранду аз Худо талаб мекунанд, ки ин мушкилро ба онҳо наздик накунанд. Аммо агар мабодо яке аз аъзои оилаи онҳо ҳамчинсгаро бошад, ӯро то ҳадди имкон дар бунбаст қарор медиҳанд ва кӯшиш мекунанд рӯзашро “сиёҳ” карда ва ё вайро аз ин роҳ “гардонанд”.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки аксаран ақаллиятҳои ҷинсӣ аз сӯи мақомоти милиса мавриди тавтеа қарор мегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳамҷинсгароён аз кишвар фирор мекунанд ва ё агар ҷонашон ба ҳалқ омад, ҳатто даст ба худкушӣ мезананд.

Як табиби тоҷик, ки дар кори ҳамарӯзааш бо афроди мухталифрӯбарӯ шудааст, мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ба марҳилаи дарку пазириши ҳамҷинсгароҳо нарасидааст. Гулшан Ҷаъфарова, як ҷарроҳи ҷавон мегӯяд, дар Тоҷикистон занону мардони ҳамҷинсгаро кам нестанд, вале дар фазои куллии нофаҳмиву бадгӯиҳо худро ҳадди аксар пинҳон мекунанд. Ҷаъфарова гуфт, ки бархе аз онҳо дар сӯҳбати самимӣ ва хеле маҳрамона ба ӯ ҳамчун як табиб муроҷиат ва кӯмак хостаанд, аз ҷумла бархе барои табдили ҷинс кардан ҳам изҳори омодагӣ кардаанд. Ҷаъфарова мегӯяд, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон таҷрибаҳои муваффақи табдили ҷинс кардани шаҳрвандон вуҷуд дорад, ҳамоно ин гуна мавридҳо хеле каманд. Ба эътмоди ӯ, аксари онҳо аз тарси ҷомеа ва хешовандон ба чунин кор омода намешаванд ва тамоми умр азият мешаванд.

Чунин вазъият бархе танфурӯшонро, ки наметавонанд дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд, ба бозори танфурӯшӣ тела медиҳад. Ба қавли коршиносон, ба хотири ба даст овардани пули муфт муштариёни худро ба дасти милиса месупоранд ва бо таҳдиди ошкор кардани сирри онҳо маблағ мерӯёнанд.

Ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори фаҳше нашр шуд, ки робитаи наздики яке аз кормандони як созмони байналмилалии мустақар дар Тоҷикистонро бо ҳамҷинсаш инъикос мекард. Ва ин навор аз ҷониби афроди номаълум сабт ва дар интернет паҳн гардидааст

Елена Иброҳимова, раҳбари яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсӣ мегӯяд, ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон ҳадди аксар кӯшиш мекунанд, ки шахсияти худро ошкор наcозанд. Елена Иброҳимова мегӯяд, дар миёни намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон духтарон низ ба мушоҳида мерасанд. Ба гуфтаи вай, худи намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ ҳамҷинсгароиро беморӣ намедонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш Нафиса Муродова, равоншиноси тоҷик гуфта буд, ки Афлотун, донишманди юнонӣ ҳамҷинсгароиро ба маризии ҷисмонӣ нисбат додааст. Вале Абуалӣ ибни Сино, олим ва мутафаккири бузурги тоҷик онро ба бемории равонӣ марбут донистааст.

Заррина Кенҷаева.
Заррина Кенҷаева.

Аммо Заррина Кенҷаева, яке дигар аз равоншиносони тоҷик, ки таҷрибаи кор бо ҳамҷинсгароҳоро доштааст, мегӯяд, ҳамҷинсбозӣ мисли нашъамандӣ одат аст ва бо иродаи қавӣ шахс метавонад аз ин роҳ баргардад.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи мусалмонист ва бо он ки аз лиҳози шаръӣ низ ҳамҷинсгароӣ маҳкум мешавад, аммо мардум ошкоро нисбати ин тоифа бархурди хашмин надоранд ва фарди ҳамҷиснгароро баъзан таҳммул мекунанд. Ҳарчанд ҳамҷинсгароҳо низ худро фарди ин ҷомеа медонанд, аммо иродаашонро худро болотар аз муносибат ва ҳамзистӣ бо мардум намегузоранд. Комил, қаҳрамони барномаи мо низ умедвор аст, ки атрофиён агарчи иродаи ӯро қабул надоранд, аммо "радди маърака"-аш намекунанд ва барояш имкони зиндагӣ карданро дар Тоҷикистон медиҳанд. Ҳарчанд ӯ ҳатто аз ҷониби бародаронаш таъкиб мешавад, вале "дигар ҷои рафтан надорам," - мегӯяд Комил.

Аммо то он вақт, ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон ҳамоно зиндагии зеризаминӣ дошта, маъмулан дар шабакаи Интернет "рӯи об мебароянд" ва тавассути сомонаҳои интернетӣ барои худ дӯст пайдо мекунанд.

ВИДЕОИ ПУРРА ДАР ГӮШАИ ОЗОДӢ ДАР ЮТЮБ:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG