Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломиддин Раҳмон раиси Хадамоти зиддимонополӣ таъин шуд


Исломиддин Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Исломиддин Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Исломиддин Раҳмон, бародарзодаи президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон таъйин шудааст.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 15-уми апрел нашр шуд.

Исломиддин Раҳмони 40-сола дар моҳи январи имсол аз мансаби раиси ноҳияи Данғара озод шуда, дар ин муддат мақоми расмӣ надошт. Вай дар ҳукумати ноҳияи Данғара 6 сол кор кард.

Дар шарҳи ҳолаш навиштаанд, ки ӯ ҳуқуқдону менеҷер аст ва иқтисоди ҷаҳонро медонад. Қаблан дар Бонки Миллӣ ва “Ориёнбонк” кор кардааст. Аз 2015 то 2018 муовини раиси Бонки Давлатии “Амонатбонк” буд.

Намояндагони мухолифон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро пайваста ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мекунанд.

Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст. Писараш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон. Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ ва Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раиси ҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷорат. Ашрафҷон Гулов, домоди Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

XS
SM
MD
LG