Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини аз 10 то 15 сол зиндон барои ҳамҷинсгароӣ дар Ироқ


Порлумони Ироқ. Акс аз соли 2020
Порлумони Ироқ. Акс аз соли 2020

Порлумони Ироқ рӯзи 27-уми апрел бо қабули қонун робитаи ҳамҷинсгароёнро ҷиноят донист ва барои ин кор аз 10 то 15 сол зиндон таъйин кард.

Тибқи он, шахсони дуҷинса ё трансгендер ва пизишконе, ки ба тағйири ҷинс мадад мекунанд, то се сол ҳабс хоҳанд шуд.

Мақомоти Ироқ ҳадафи қонунро "ҳифзи ҷомеа аз таназзули ахлоқӣ" донистаанд.

Дар нусхаи аслии тарҳ барои иртиботи ҳамҷинсгароён ҳукми эъдом ё қатл пешбинӣ шуда буд. Дар ҷараёни баррасӣ тасмим гирифтаанд, ки ҷазоро сабуктар кунанд.

Пештар ҳамҷинсгароӣ дар Ироқ тибқи қонун ҷиноят набуд, вале намояндагони ин гурӯҳ таҳқиру латукӯб ва шиканҷа мешуданд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва Департаменти давлатии Амрико ин қонунро танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG