Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як зодаи Тоҷикистонро ба гумони таблиғи ҳамҷинсгароӣ ихроҷ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Волгоград қарор кардааст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Самим Раҳмонқул аз Русия ихроҷ карда шавад. Мақомот ӯро ба "таблиғи ЛГБТ ё ҳамҷинсгароӣ" муттаҳам медонанд.

Ба иттилои тарҳи "Кавказ.Реалии", шаҳрванди Тоҷикистон пас аз 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ аз Русия ронда хоҳад шуд.

Тибқи маводи парванда, Раҳмонқул гуё дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" бо нашри аксҳои худ хидматрасонии шаҳвониро пешниҳод кардааст.

Муфаттишон гуфтаанд, эълони шаҳрванди Тоҷикистон ба "ташаккули муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ, ҷалби робита ва афзалиятҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ, изҳори таваҷҷӯҳ ба чунин муносибатҳо ё тағйири ҷинс" равона шудааст.

Самим Раҳмонқул гуё дар додгоҳ гуноҳро ба гардан гирифта, аммо бар асоси банд 51-уми Конститутсия аз додани шоҳидӣ алайҳи худ даст кашидааст.

XS
SM
MD
LG