Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии сафирони аврупоӣ дар Душанбе аз Украина

Парчами Иттиҳоди Аврупо
Парчами Иттиҳоди Аврупо

Cафирони кишварҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал гирди ҳам омада, ҷанги Русияро дар Украина маҳкум карданд.

Дар ҳамоиш дипломатҳои дигари муқими Душанбе ва масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Радослав Дарски, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, гуфт, ҷонибдори сулҳи пойдор дар Украина аст. Ӯ афзуд, Иттиҳоди Аврупо дар канори Украина меистад ва аз ёриҳои сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву дипломатияш даст намекашад.

“Ҳеч созиши сулҳ бе ҳузури Украина қобили эътимод ва устувор нест. Ва ҳеч тавофуқе, ки амнияти Аврупоро зери хатар қарор диҳад, бе ҳузури комили Аврупо наметавонад муваффақиятомез бошад. Созишҳои сусту саросемавор, ки ташвиқгари таҷовузкорӣ ҳастанд, танҳо сабаби ба вуҷуд омадани даргириҳои оянда хоҳанд шуд,” – афзуд ӯ.

Сафири Украина дар Тоҷикистон Валерий Евдокимов мегӯяд, ҷанг ҳамон гуна ки дар як рӯз оғоз шуда буд, метавонад дар як рӯз бас шавад, агар Русия бихоҳад, "зеро ин кишвар ба хоки Украина таҷовуз кардааст".

Евдокимов афзуд: "Украиниҳо низ сулҳ мехоҳанд, аммо сулҳ бояд одилона бошад. Ин шарти асосӣ аст, зеро мардуме, ки имрӯз бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия меҷанганд, адолат мехоҳанд. Агар мо ба кадом шарту шароити дигар розӣ шавем, пас, он ҳама қурбониҳое, ки кишвари мо дод, барҳадар хоҳанд рафт."

Баъзе аз шаҳрвандони украинӣ низ дар Душанбе мегӯянд, ҳеч интизор надоштанд, ки ин ҷанг ин қадар тӯлонӣ мешавад ва ҷони ҳазорҳо танро мегираду вайрониҳои гӯшношунид меорад.

Владимир, шаҳрванди Украина, гуфт: "Ин қадар тӯлонӣ шудани ҷангро касе тасаввур намекард. Мо танҳо метавонем ин воқеиятро таъйид кунем, ки ин рӯйдод шудааст ва тасдиқ кунем, ки ба шарофати размандагони ҷасурамон ҳанӯз кишвари озод ва мустақил дорем.”

“Ба назари ман, дар ин гуна мавридҳо набояд гуноҳи шаҳрвандони одӣ бошад, ки ҳар рӯз кушта мешаванд. Танҳо хубиву бадӣ вуҷуд дорад, ки мо комилан ҷонибдори хубием,” – гуфт Елена аз Днепр.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал бо нашри изҳороти муштараке дар ҳамдастӣ бо сафоратҳои Фаронса, Олмон ва Бритониё дар Душанбе гуфт, дар ҳоле талошҳои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар соли 2025 барои дастёбӣ ба сулҳ оғоз шуд, “Русия ошкоро роҳи ташаннуҷро пеш гирифтааст".

Дар ин изҳорот ҳамчунин омадааст, “Иттиҳоди Аврупо то бас кардани ҷанги Русия фишори қатъӣ ва ҳамоҳангшудаи худро ба Маскав идома ва афзоиш хоҳад дод”.

XS
SM
MD
LG